Хашми корбарон аз меҳрубонии Пугачева дар назди Галкин ба Киркоров

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПевец Филипп Киркоров
Певец Филипп Киркоров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Мулоқоти Киркоров ва Пугачёва хело нарм ва эҳсосӣ сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Овозхони эстрадаи шӯравӣ ва Русия, Алла Пугачёва ба собиқ ҳамсараш, овозхон ва ҳунарманди мардумии Русия, Филипп Киркоров дар маърази омма бо навозиш муошират кардааст, ки ин кори овозхон хашми корбаронро овардааст.
Собиқ ҳамсарон дар барномаи "Сегодня вечером"- и ҳамсари кунунии Алла Пугачева, Максим Галкин иштирок доштаанд. Ин барнома ба 50-солагии духтари ҳунарманд Кристина Орбакайте бахшида шуда буд.
Мулоқоти Киркоров ва Пугачева хело нарм ва эҳсосӣ сурат гирифтааст.
Аз ҷумла, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид кардаанд, ки Алла ба Филипп нозу ишва мекард. Афзун бар ин, онҳо дар назди Галкин шарм надошта, аз гузаштаашон мегуфтанд.
Киркоров аз ин вохӯрӣ ҳатто дар саҳифааш дар Instagram чанд акс нашр кардааст.
Аммо ҳаводоронаш ӯро интиқод кардаанд.
Пугачёва дар бораи Манижа: "Ту зӯр ҳастӣ! Аз ҳеҷ чиз натарс!"
"Ҳеҷ наметавонад хонаводаи собиқашро фаромӯш кунад?", - совол додааст як корбар.
"Филя, Алларо мон. Ӯ акнун бо Макс аст", - маслиҳат додааст дигаре.
"Пагачёва, зебост, аммо ӯ кай "дӯстӣ" бо Киркоровро бас мекарда бошад?", - навиштааст нафари дигар.
Бархеи дигарон бо таассуф таъкид кардаанд, ки Галкин "мавқеашро аз даст медиҳад".
Лентаи хабарҳо
0