Лукашенко гуфт, омодааст барои эмгузаронии хориҷиён дар марз хайма занад

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Минск
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Минск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Ба гуфтаи сарвари давлати Белорус, дар кишварҳои ғарбӣ талабот ба "Спутник V" зиёд аст ва "мардуми зиёде мекӯшанд, ки бо ҳар роҳ ба сӯи мо расанд".
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Александр Лукашенко гуфт, ки вай дар мулоқоти гузаштааш моҳи апрел бо Владимир Путин масъалаи кумак ба шаҳрвандони кишварҳои Ғарбро, ки мехоҳанд алайҳи коронавирус ваксина гиранд, баррасӣ кард.
Ӯ ин нуктаро рӯзи ҷумъа дар мулоқот бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар Минск изҳор дошт, хабар медиҳад, Sputnik Белорус.
Лукашенко бо президенти Русия мувофиқа кардааст, ки Белорус якчанд гузаргоҳи марзиро боз мекунад ва дар он ҷо барои ваксинагирӣ хаймаҳои мувофиқу муҷаҳҳаз роҳандозӣ мекунад.
"Мо дар сарҳад чуни нуқтаҳои кофӣ барои қабули хоҳишмандон аз қаламрави Лаҳистон, Литва ва дигар давлатҳоро дорем. Алахусус аз Украина. Мардуми мо онҷо зиндагӣ мекунанд, мо бо як забон ҳарф мезанем. Мо ҳоло бо назардошти он, ки пандемия дар мо шадид нест, рӯи ин масъала кор карда истодаем ", - шарҳ дод ӯ.
Президенти Беларус гуфт, ки ҳарчанд ҳукуматҳои ин кишварҳо "нисбат ба Беларус рафтори ношоиста доранд, аммо мардуми зиёде мекӯшанд, ки бо ҳар роҳ ба сӯи мо расанд."
Ба гуфтаи Лукашенко, талабот ба ваксинаи русии "Спутник V" дар кишварҳои ғарбӣ хеле зиёд аст.
Ӯ афзуд, ҳоло барои кишвар чизи асосӣ ҳимояи насли калонсол ва одамоне мебошад, ки ба ин беморӣ гирифторанд.
"Ин чизи асосӣ аст. Аз ин рӯ, мо онҳоро ба ин водор карда истодаем, пофишорӣ намекунем. Ваксинаи маҷбурӣ вуҷуд надорад ва нахоҳад буд. Аммо мо бояд ба ҳамсоягонамон, алахусус украинҳо кумак кунем. Бубинед, ки онҷо чӣ рӯй медиҳад", - илова кард Лукашенко.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала