16 маҳаллаву кӯчаҳои Душанбе имрӯз бидуни барқ монданд

© PixabayЛампочка
Лампочка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Ба хотири роҳандозӣ кардани корҳои таъмирию профилактикӣ, имрӯз чандин кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт давоми 8 соат бидуни барқ мемонанд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз, 28 май бинобар гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе кӯчаҳои пойтахт барқ хомӯш мешавад.
Ба иттилои манбаъ, неруи барқ аз соати 09:00 то 17:00 муваққатан қатъ мегардад.
"Бе неруи барқ аз ҷумла кӯчаҳои Сурхоб, Заҳматобод, Сахбо, маҳаллаҳои Дуғоба, Варзоб - гэси ноҳияи Сомонӣ мемонанд", - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин, маҳаллаи Қаротегин 3 гузаргоҳи ноҳияи Шоҳмансур ва кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, 1 - майи ноҳияи Фирдавсӣ ҳам муддати 8 соат аз истифодаи барқ маҳрум ҳастанд.
Сокинони кӯчаҳои Ҷаббор Расулов, Шамсӣ, Зарафшон, Бобоҳамдам, Ҳисор, маҳаллаҳои Аул, Меҳнатобод ва Чортеппа низ дар ин муддат бе нерӯи барқ мемонанд.
Манбаъ меафзояд, маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0