На ҳама муҳоҷирон то 15 июн имкони қонунӣ кардани ҳузурашон дар Русияро доранд: сабаб

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкДокументы, архивное фото
Документы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Пас аз 15 июн ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Федератсияи Русия ҷаримаҳо ва депортатсия таҳдид мекунад: Чӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ барои сари вақт додани ҳуҷҷатҳо монеъ мешавад?
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ то 15 июн наметавонанд будубоши худро дар Русия қонунӣ кунанд. Дар ин бора ба РИА Новости раиси Конгресси умумирусиягии ӯзбекҳо, Иброҳим Худойбердиев хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони хориҷӣ барои истиқомати қонунӣ дар Федератсияи Русия ҳуҷҷатҳоро фаъолона месупоранду патент мегиранд. Ин тамоюл бозгӯкунандаи суханони ахири муовини вазири корҳои дохилии кишвар Александр Горовой мебошад.
Маркази муҳоҷират дар Маскав ҷадвали додани патентро тағйир дод: муҳоҷир бисёр шуд
Дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ хотиррасон кард, ки пас аз 15 июни соли 2021, муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русия ихроҷ карда мешаванд. То ин сана дар кишвар мораторий барои ихроҷ ҷорӣ шудааст, ки бинобар пандемияи коронавирус ҷорӣ карда шудааст.
Тибқи иттилои вазорат, имрӯз дар қаламрави Федератсияи Русия беш аз як миллион нафар шаҳрвандони ИДМ ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд.
Худойбердиев ташаббуси мақомоти Русияро мусбат арзёбӣ кард.
"Ин хеле хуб аст, бояд чунин бошад. Дар ниҳоят, ҳар як давлат ҳақ дорад манфиатҳои худро ҳимоя кунад", - гуфт ӯ.
Аммо, ин вазъро дар муддати кӯтоҳ ислоҳ кардан ғайриимкон аст.
"Ин ба хоҳиши бисёриҳо барои қонунигардонӣ таъсир хоҳад расонд. То рӯзи 15-ум, бисёриҳо вақт нахоҳанд дошт ё аз нигоҳи моддӣ наметавонанд Пандемия ба бисёриҳо "кумак" кард. То рӯзи 15-ум ин масъала ҳалли худро нахоҳад ёфт", - гуфт Худойбердиев.
Ғайр аз он, ӯ гуфт, ки Ӯзбекистон сафарҳо тариқи роҳи оҳанро барои интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ватанашон ташкил мекунад.
Ёдовар мешавем, ки то 15 июн шаҳрвандони бидуни санади тамдид метавонанд ҳузурашонро қонунӣ кунанд ва ё бидуни эъмоли таҳримот Русияро тарк кунанд.
Қаблан муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ дархост карда буд, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия корҳои таблиғотӣ баранд. Ба гуфтаи ӯ, ин барои пешгирӣ аз ихроҷи онҳо зарур аст.
Лентаи хабарҳо
0