Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Фармони Президент дар бораи зиёд кардани нафақа то 50 фоиз

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаи маъюбонро имзо кард
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ҳамин тавр, тибқи фармони Президенти Тоҷикистон нафақаи маъюбон аз 1 сентябр зиёд карда мешавад.

Аз кӣ ва чӣ қадар

нафақаҳои маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси қонунҳо "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" ва "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъин гардидаанд (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешавад.
нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар асоси қонун "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд мешавад;
нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I, ки ба онҳо нафақа дар асоси қонун "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки амалигардонии фармони мазкур дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешбинишуда бояд таъмин шавад.
Теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
Ёдрас мешавем, Дилмурод Давлатзода, мудири Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, теъдоди нафақагирон дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2021 - ро 729 ҳазору 385 нафар гуфт.
Ба иттилои мудири Ожонсӣ теъдоди нафақагирон дар ҷумҳурӣ нисбати оғози соли 2020-ум 2,6 фоиз зиёд шуда, талабот барои маблағгузории нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ 2,09 фоиз афзуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала