Омори ахири коронавирус дар ҷаҳон: Амрико "пешсаф" аст

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкЛечение больных COVID-19 в больнице
Лечение больных COVID-19 в больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 537 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 537 ҳазор афзоиш ёфта, аз 169,64 миллион гузашт, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 28 май, ба СУТ дар бораи 169 643 590 сироятшуда ва 3 525 259 фавт маълумот расидааст.
Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 537 676 нафар ва фавтидагон 11 643 нафар афзудааст.
Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд, ки 33 миллиону 999 ҳазору 680 нафарро ташкил медиҳад.
Открытие нового пункта вакцинации от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Русия эмкунии муҳоҷиронро баррасӣ мекунад
Баъд аз он Ҳиндустон (27 555 457), Бразилия (16 342 162), Фаронса (5 635 629), Туркия (5 220 549), Русия (5 035 207), Британияи Кабир (4 473 677), Италия (4 205 970), Олмон (3 673 969), Аргентина (3 663 215), Испания (3 663 176) ва Колумбия (3 319 193) қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки омори коронавирус дар Тоҷикистон феълан ба сифр баробар аст.
Дар шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд, хабар дод Вазорати тандурустии кишвар.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ то 27 май дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд.
Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Ёдрас мешавем, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 26 январ зимни як суханрониаш эълон карда буд, ки Тоҷикистон бар коронавирус пирӯз шуд.
Лентаи хабарҳо
0