Панҷ таксирони тоҷик қасди инфиҷори бинои низомиён дар Русияро рад карданд

© Sputnik / Tabyldy Kabirbekov / Гузариш ба медиабонкЗаключённый, архивное фото
Заключённый, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Гуфта мешавад, муҳоҷиронро як "доишӣ"-и тоҷик аз Сурия бо номи Тоҷиддин Назаров, маъруф ба номи Абу Усом Норакӣ роҳномоӣ мекард.
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Арабов, Мирзоев, Раҷабов, Хоҷаев ва Шокиров, 5 тоҷикистонӣ, ки дар шаҳри Маскав ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият мекарданд ва соли 2018 ба гумони қасди инфиҷор кардани дафтари Идораи иктишофӣ дар Русия аз ҷониби кормандони "ФСБ" боздошт шуданд, дар додгоҳ охирин суханашонро иброз доштанд.
Манобеи Коммерсант менависанд, ки онҳо дар узвият ба Созмони террористии ДОИШ* (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) низ муттаҳам мешаванд.
Ҳоло бошад, ба ҳар 5 таксирони тоҷик аз 14 то 20 - соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Тобути муҳоҷир: Прокуратураи генералӣ сабаби муроҷиаташ ба мақомоти Русияро гуфт
Гуфта мешавад, муҳоҷиронро як "доишӣ" - и тоҷик аз Сурия бо номи Тоҷиддин Назаров, маъруф ба номи Абу Усомаи Норакӣ роҳнамоӣ мекард.
Бо ҳидояти Норакӣ, Раҷабов дар Маскав як гурӯҳи хурди террористии иборат аз 4 ҳамватани худ ташкил дода, азм доштанд, чандин терактҳои маргборро амалӣ намоянд.
Ҳатто ба ҳангоми боздошт кардани онҳо ва мавриди кофтукоб қарор додани сарпаноҳашон, аз онҷо лавозимоти ҷангӣ, 6 миллион рубл, 20 ҳазор доллар ва варақае, ки дар он тамоми хароҷоти ҳар як ҳамла ҳисобу китоб шудааст, дарёфт гардида шуд.
Аммо муттаҳамон аснои иброз намудани сухани охирон, ба бегуноҳии худ пофишорӣ намуда, тамоми иттиҳомотро рад намуданд.
Онҳо мегӯянд, ба Русия бо аҳли хонаводаи худ барои кор омаданд, на террор.
Вакили мудофиаи муҳоҷирон низ талаб намудааст, ки барои тасдиқ нашудани иртиботи онҳо бо ДОИШ ва ҳамчунин мавҷуд набудани далел бобати "нақша"- и гӯё мунфаҷир намудани бинои дафтари иктишофии Русия, нисбати онҳо ҷазои сабуктар татбиқ шавад.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон
Лентаи хабарҳо
0