Рафтани Пирло ва бозгашти дубораи Аллегри ба "Ювентус"

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Лига чемпионов. Тренировка ФК "Ювентус"
Футбол. Лига чемпионов. Тренировка ФК Ювентус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Тими туриниҳо бо барканории Андре Пирло дубора Масимиллиано Ааллегриро баргардониданд
ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Андреа Пирло, сармураббии тими бошгоҳи “Ювентус” – и Италия аз мақомаш барканор шуд.
Дар бораи барканории Андреа Пирло дастаи “Ювентус” дар сомонааш расман иттилоъ дод.

“Чанд моҳ пеш, Андреа Пирло, рамзи футболи ҷаҳон, ба сайёҳати наве шурӯъ кард, ки аввалин бор ба ҳайси мураббӣ буд. Ин пеш аз ҳама, далерӣ, инчунин огоҳӣ аз қобилиятҳои шахсиро талаб мекунад. Мо дар оянда ба шумо барори кор таманно дорем”, - омадааст дар иттилоияи сомонаи бошгоҳ.

Ҳамзамон Пирло барканорияшро шарҳ дода гуфтааст, ҳарчанд анҷоми ғайриинтизор буд, аммо агар дубора ба аввал бармегашт, боз ҳам чунин роҳро интихоб мекард.
Ӯ аввалин соли фаъолияташро ба ҳайси мураббӣ вазнин арзёбӣ карда, гуфтааст, ин таҷриба фаъолияти ояндаи ӯро равшантар кард.
Расонаҳоии варзишии ҷаҳон барканории Пирлоро ба фаъолияти камрангаш рабт медиҳанд, ки дар замони ӯ тайи мавсими баитмомрасида, “Ювентус” дар 10 соли охир бори аввал қаҳрамонии Италияро аз даст дод.
Ҳамзамон расонаҳои варзишӣ аз бозгашти собиқ сармураббии даста, Массимилиано Аллегри хабар доданд.
Гуфта мешавад, мутахассиси 53-солаи итолиёвӣ бо “Ювентус” то соли 2025 шартнома ба имзо расонида, мувофиқи шартномаи солона 9 евро миллион мегирад.
Массимилиано аллакай Ювентусро мураббӣ карда (2014-2019), бо 11 ҷоиза, бо шумули 5 унвони қаҳрамонӣ ба даст овардааст. Ӯ ду маротиба туриниҳоро ба финали Лигаи Чемпионҳо бурд ва дар он ҷо аз “Барселона” ва “Реал Мадрид” шикаст хӯрд.
Лентаи хабарҳо
0