Эмомалӣ Раҳмон марзбононро кафили амнияти марзҳои Тоҷикистон номид

Погранслужба ГКНБ Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон марзбонони кишварро бо иди касбияшон табрик намуда, онҳоро ба ҳушёриву боз ҳам мустаҳкамтар нигоҳбонии марзи давлат даъват кард
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошияш марзбононро сипари боэътимоди давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботу оромии кишвар гуфтаст.
Президенти кишвар гуфтааст, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои ҳимояи марзу буми кишвари соҳибистиқлоли худ ҷасорату мардонагӣ ва фидокориҳои зиёд нишон додаанд.
Қайд шудааст, ки даҳҳо тан барои ҳифзи сохти конститутсионии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, таъмини рӯзгори осудаи сокинон, оромиву суботи мамлакат ва ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки хизматҳояшон фаромӯш нахоҳад кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Супориши Раҳмон ба сохторҳои қудратӣ: тақвияти ҳифзи марз
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, солҳои охир амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мардумони минтақаи моро таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ба таври ҷиддӣ халалдор карда истодаанд
“Дар чунин шароит шумо – афсарону сарбозони ҷасуру далери Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар сафи пеши ҳифзи суботу оромии сокинони Ватани маҳбубамон ва амнияти давлату ҷомеаи кишвар қарор доред, бояд бо интизоми оҳанини ҳарбӣ омодагии баланди ҷангиро таъмин намоед, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи марзу буми давлат ва зиндагии осоиштаи халқамон доим омода бошед”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳури кишвар, бо эътимоди комил изҳор доштааст, ки марзбонони шуҷои кишвар минбаъд низ бо ифтихори баланди ватандорӣ ва ҷасорату мардонагӣ барои ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, ҳифзи амнияти миллӣ ва суботу оромии ҷомеа ҳамеша омода хоҳанд буд.
Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон санаи 28 майи соли 1994 таъсис шуда, имрӯз аз 27-умин солгарди он таҷлил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала