Расулзода дар Минск аз муносибату нақшаҳои Раҳмон нисбати кишварҳои ИДМ гуфт

© Sputnik / Максим БлиновПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо кишварҳои узви ИДМ чораҳои зарурӣ меандешад
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар Минск ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо - сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон низ дар он иштирок кард.
Ин ҷаласа аз мулоқоти раисиҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко бо сарони ҳукуматҳо - сарвазирони кишварҳои узви ИДМ оғоз ёфт.
Манобеи "Ховар" менависад, ки сарвазири Тоҷикистон зимни баромади худ аз таваҷҷӯҳи Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои ИДМ зикр намуда, изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои узви ИДМ аз рӯи принсипҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва эътимод, ҳамкории мутақобилан судманд ва баррасии манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо амал мекунад.
Санаи ҳамоиши сарони кишварҳои ИДМ дар Минск дақиқ шуд
Илова бар ин, Расулзода гуфт, роҳбари тоҷикони ҷаҳон дар оянда низ барои тақвият бахшидани ҳамгироӣ аз тамоми тадбирҳои зарурӣ истифода хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи Шӯро беш аз 10 муҳимтарин масъалаҳо мавриди баррасии мақомдорони кишварҳои аъзои ИДМ қарор дода шуд.
Аз ҷумла масъалаи бурузи маризии коронавирус ва фаъолияти неки кишварҳои узви ИДМ низ матраҳ гардид ва қайд шуд, ки маҳз бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои узв ва ҳамкории зич то як андоза аз таназзули иқтисодиёт пешгирӣ карда шуд.
Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур як қатор санадҳо ба имзо расиданд.
Лентаи хабарҳо
0