Дар Тоҷикистон мехоҳанд барои содироти пиёз сабукиҳо диҳанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВыставка сельскохозяйственной продукции
Выставка сельскохозяйственной продукции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Дар ин бора Ситоди корӣ оид ба ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон мехоҳанд барои содироти пиёз ба соҳибкорон сабукӣ пешниҳод кунанд.
Ин масъала дар ҷаласаи сеюми Ситоди корӣ оид ба ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ бо риояи қатъии талаботи фитосанитарию эпидемиологӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.
Производство лука в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Тоҷикистон ба хориҷ пиёзи қоқ содир мекунад
Муовини сарвазири Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни баррасии масъалаҳо иброз намуд, ки давлатҳои хориҷӣ ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла пиёз таваҷҷуҳи зиёд доранд.

"Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кори ситод он аст, ки барои содироти ин навъи маҳсулот ба соҳибкорони ватанӣ сабукиҳо ва дастгирии ҳамаҷониба зоҳир карда шавад", - таъкид кард Гулмаҳмадзода.

Ёдрас мешавем, тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2020 Тоҷикистон 53 ҳазору 888 тонна пиёзи барвақтӣ, 6006 тонна меваи тару тоза ва 8714 тонна меваи хушк содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содироти пиёз 7889 тонна ва меваи хушк 224 тонна зиёд мебошад.
Кай арзон мешавад?: чаро нархи сабзӣ рекордӣ гарон шуд - назари коршиносон ва фурӯшандаҳо
Дар ҳамин ҳол, дар соли 2020 аз майдони умумии кишти сабзавот, ки 16428 гектарро ташкил медод, дар 12566 га кишти пиёзи барвақтӣ кишт карда шуда буд.
Тоҷикистон пиёзро асосан ба кишварҳои Қазоқистон, Русия, Қирғизистон, Чин, ва Афғонистон содир мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала