Бозии Тоҷикистон - Таиланд бидуни тамошобин баргузор ва пахш мешавад

© ФФТМатч Таджикистан-Таиланд
Матч Таджикистан-Таиланд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Обуна шудан
Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Таиланд дар АМА бозии дӯстона баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 май - Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозии дӯстона бо тими миллии Тайланд вомехӯрад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Бозӣ рӯзи 29 май дар доираи омодагӣ ба бозиҳои моҳи июни даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 дар гурӯҳи "F" баргузор мешавад.
Бозӣ дар варзишгоҳи Холид Бин Муҳаммад дар Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.
Оғози бозӣ соати 20:45 ба вақти маҳаллӣ (21:45 Душанбе) дар назар аст.
Маркази матбуоти ФФТ дар изҳороте гуфт, ки бозӣ хусусӣ хоҳад буд ва дар ҳеҷ кадоме аз телевизионҳо мустақиман пахш карда намешавад.
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дидори дӯстонаи қаблияшро бо яккачини Ироқ мусовӣ анҷом дод
Лентаи хабарҳо
0