Ду ғарқшуда дар рӯди Сир давоми як рӯз: дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ кардаанд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Зарфи як рӯз дар натиҷаи оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъи Сирдарё ду нафар ғар шудааст
ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik.Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, яке аз ин афрод 15 сол доштаву дуюмӣ 19 сол, ки зодагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Панҷекат будаанд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 28-уми моҳи майи соли равон, тахминан соати 15:30 дақиқа наҷотдиҳандагони дастаи махсуси наҷоти шаҳри Хуҷанд хабар гирифтаанд, ки як навраси 15-сола дар ҷойи барои оббозӣ манъ шиноварӣ мекардааст ва баногаҳ ғарқ шудааст.
"Бо роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ҷасади ӯро аз дарё берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор таслим намуданд", - афзудааст манбаъ.
Бегоҳии ҳамин рӯз, тахминан соати 18:00 хабари ғарқи дарё шудани як шаҳрванди 19-солаи ҷамоати деҳоти Суҷина, деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷекат расид, мегӯяд КҲФ
Ба гузориши ин ниҳод, ӯ низ дар ҷойи мамнӯъ барои оббозӣ вориди об шудаву туғёни азим ва талотуми мавҷ ба коми дарё кашидааст, ки наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро низ аз об берун оварданд ва ба мақомти интизомӣ супурданд.
Спасатели КЧС Таджикистана достают тело утонувшего человека из молодежного озера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Пайдо кардани ҷасади духтари ҷавон дар дарёи Варзоб
Раёсати ин ниҳод дар вилояти Хатлон ҳамзамон хабар додааст, ки рӯзи 28 май як сокини 26-солаи деҳаи Лубиёкори ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус, модари ду фарзанд ҳангоми убур аз пули деҳа дар дарёи Кофарниҳон сарозер шудааст.
Гуфта мешавад, ӯ сари вақт аз тарафи аҳолии ҷамоати деҳоти Тахти Сангин аз дарё бароварда наҷот дода шудааст.
Ёдовар мешавем, қаблан идораи КҲФ дар шаҳри Хуҷанд мавзеъҳои хатарнок барои оббозиро нишонагузорӣ карда, аз сокинон хоста буд, ки ҳангоми оббозӣ аз эҳтиёт кор гиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала