Қазоқистон гуфт, омода аст ба Қирғизистон дар ҳалли баҳс бо Тоҷикистон кумак кунад

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон / Султан Досалиевфлаги Таджикистана и Кыргызстана
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Обуна шудан
Ҷониби Қазоқистон ба Қирғизистон барои ҳалли мушкилоташ бо Тоҷикистон омодагӣ ба пешниҳоди кумак кардааст
ДУШАНБЕ, 29 май - Sputnik. Қазоқистон омодагии худро барои кумак ба ҷониби Қирғизистон дар ҳалли масъала бо Тоҷикистон иброз дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.
Дар ин бора муовини сарвазир - вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди рӯзи 28 май зимни мулоқоташ бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев изҳор доштааст.
Гуфтушуниди ҷонибҳо дар доираи сафари расмии роҳбари ВКХ Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шудааст.
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон аз ширкатҳои ҳавонавардӣ хост ба тоҷикистониҳо чипта нафурӯшанд
Казакбоев ҷониби Қазоқистонро аз муноқишаи марзии Қирғизистону Тоҷикистон рухдода, ҷузъиёти созишномаҳои ба даст овардаи ду кишвар огоҳ кардааст.
Вай фаъолияти гурӯҳи кории муштаракро дар самти татбиқи тадбирҳои мӯътадил қайд намуда, нияти ҷониби Қирғизистонро барои иҷрои созишномаҳо таъкид кардааст.
Тлеуберди аз ҳалли танишҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ истиқбол карда, омодагии ҷониби Қазоқистонро барои кӯмак ба ҷониби Қирғизистон дар ҳалли ин масъала иброз дошт.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизҳо ба чорвои сокини Хоҷаи Аъло ҳамла намуда, соҳибашро боздошт кардаанд
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон ду рӯз пеш иттилоъ дод, ки тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст. Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонирд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0