"Тилловориҳоямро гирифту дар ивазаш хона ваъда кард": ВКД мардумфиребҳоро меҷӯяд

Кольцо с изумрудами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз чанд ҳолати қаллобӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. ВКД Тоҷикистон аз ошкор гардидани ҳолатҳои мардумфиребӣ хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дар рӯзҳои ахир чанд сокини кишвар ба раёсатҳои ниҳод шикоят бурдаанд, ки онҳоро фиреб карданд.
Ҳамин тавр, бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 62-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст,.
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Зане, ки савори “Ренҷровер” дар Душанбе мегашт, ба қаллобӣ айбдор шуд
Ба гуфтаи вай, ҳанӯз моҳи октябри соли 2019, марди 47-солаи сокини ҳамин ҷамоат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз заминҳои ҷамоати деҳоти Чоргултеппа 0,06-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад.
Аммо то ҳол фериб карда гашта, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб муроҷиат намудааст, ки аз моҳи майи соли 2018 то моҳи апрели 2020, дар кӯчаи Нозим Ҳикмат зани 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромадааст.
Мардумфиребӣ: 96 ҳазор сомонӣ гирифту, хоҷагии "Маҳмуд" - ро ҳуҷҷатгузорӣ накард
Зан аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ҷамъ ба маблағи 41 ҳазору 500-сомонӣ, 7 ҳазору 400-доллари амрикоӣ ва 25 ҳазору 200-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Нозим Ҳикматро ба номаш карда медиҳад.
Аммо то ҳол ваъдашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодиса тафтишот идома дорад ва ВКД гумонбаронро меҷӯяд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала