Бонки Ҷаҳонӣ барои ислоҳот дар низоми андозбандӣ ба Тоҷикистон 50 миллион доллар дод

© Pixabay / Maklay62Чемодан с деньгами, архивное фото
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Бонки Ҷаҳонӣ барои татбиқи ислоҳоти дар низоми андозбандӣ ба Тоҷикистон 50 миллион доллар медиҳад
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Ахиран Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ 50 миллион доллар маблағи грантиро барои татбиқи ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Дар иттилоияи Бонки Ҷаҳонӣ, ки ахиран ба нашр расид, таъкид шудааст, ки ин маблағ, бо ҳадафи такмили Кодекси андоз, беҳтар кардани сатҳи андозситонӣ ва андозсупорӣ равона шудааст.
Қайд карда шудааст, ки маблағи грантӣ рӯзи 28-уми май ба Тоҷикистон дода шуд.
“Замоне ки ширкатҳо ва соҳибкорон ба ҷойи зиён дидан манфиат мебинанд ва вақте бо давлат ҳамкории дуруст ба роҳ мемонанду, бахши хусусӣ рушд карда, ҷойҳои нави корӣ зиёд мешавад ва замина барои андозсупории бештар пайдо мешавад", зикр кардааст, Ян-Питер Олтерс, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар хабарнома.
Бонки Ҷаҳонӣ таъкид доштанд, ки дар сурати такмили Кодекси андоз ва фароҳам кардани шароити дуруст ба соҳибкорон вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд.
Всемирный банк, офис в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Омодагии Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз тарҳҳои энергетикаи таҷдидпазир дар Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки Кодекси андозе, ки ҳоло амал мекунад, соли 2013 қабул шудааст.
Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2013 дар Тоҷикистон барномаи “Беҳтар кардани мудирияти андозситонӣ”-ро рӯи даст гирифт ва барои ҷорӣ кардани чунин ислоҳот ба кишвар ба ҷуз 50 миллион доллари ахир, дар гузашта 18 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашт додааст.
Ба гуфтаи коршиносон низоми андозбандии Тоҷикистон бино бар сарбории гаронаш рӯйи соҳибкорон борҳо мавриди интиқоди баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала