Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Бурятия мехоҳад равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистонро барқарор кунад

Аэропорт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Боз як ҷумҳурии дигари Русия дар садади барқарор намудани равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Ҷумҳурии Бурятия азм дорад, равобити ҳавоиро бо Тоҷикистон барқарор кунад, хабар медиҳад сомонаи "Номер один" бо истинод ба вазорати нақлиёти ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, фурудгоҳи "Байкал" то 25 майи соли ҷорӣ ҳаққи қабул кардани парвозҳои хориҷиро надошт. Ин фурудгоҳ танҳо мусофирон аз шаҳри Маскав ва Санкт - Петербургро қабул мекард.
Ба ҳамин минвол, аз авоили моҳи июн равобити ҳавоӣ миёни Ҷумҳуриҳои Бурятий ва Ӯзбекистон барқарор мешавад.
Евгений Луковников муовини раиси ин минтақа ба хабаргузорӣ изҳор доштааст, ки пас аз ба роҳ мондани парвозҳо бо Ӯзбекистон, дар нақша барқарор кардани равобити ҳавоӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Мужчина возле электронного табло вылетов в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Дар фурудгоҳи Саратов пайгирии шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз мешавад: сабаб
Чанде пеш, Саратов низ аз барқарор шудани парвозҳо бо Тоҷикистон хабар дод. Нахустин парвоз аз фурудгоҳи "Гагарин" ба самти Душанбе рӯзи 2 июн сурат мегирад.
Гуфта мешавад, аз Саратов парвозҳо ба 4 шаҳри Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд имконпазир мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аз 1 апрел барқарор шуд.
Ҳарчанд парвозҳо мунтазам сурат мегиранд, вале нофаҳмиҳо дар мавриди арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ то ҳол мавҷуд аст. Хоҳишмандони сафар ба Русия аз гарону камчин будани чипта шикоят мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала