Давандаю ҷаҳандаҳои тоҷик дар чемпионати Ӯзбекистон 10 медал гирифтанд

© котиботи Кумитаи олимпии ТоҷикистонПирӯзии варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушоди қаҳрамонии Ӯзбекистон
Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушоди қаҳрамонии Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии кушоди Ӯзбекистон даҳ медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди Ӯзбекистон дар риштаи варзиши сабук даҳ медал - 5 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи қаҳрамонии кушоди Ӯзбекистон, 28-29 май дар шаҳри Тошканд баргузор шуд. Дар он дар баробари варзишгарони Ӯзбекистон дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ширкат карданд.
Медалҳои тиллоро дар ҳайати Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 10.72 сония , Фаворис Музрапов дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 21.79, Григорий Дерепаскин дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 48.27, Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 52.18 ва Ҳусниддин Зарипов дар ҷаҳиш ба баландӣ бо натиҷаи 200 сазовор шуданд.
Ғолибони мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Пирӯзии варзишгарони ӯзбек дар мусобиқаи Ҷоми ФТТ
Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:52.48 медали нуқра гирифт.
Кумитаи олимпӣ таъкид кардааст, ки Илдар Аҳмадиев, инчунин дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.48 ҷои сеюмро сазовор шуд.
Се медали дигари биринҷиро Леонид Пронженко дар масофаи 110 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 15.26, Салим Сайдалиев дар ҷаҳиш ба баландӣ бо натиҷаи 195 ва Абдурауф Мусоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62.18 ба даст оварданд.
Лентаи хабарҳо
0