Гармӣ то 40 дараҷа ва хунукӣ то – 5: ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

© PixabayТермометр, архивное фото
Термометр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят бориши сусти борон ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад, хабар додаст “Ховар” аз қавли Ожонс.
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Сели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Манзилу маконҳои селзада дар Кӯлобро барои пешгирӣ аз бемориҳо хлорпошӣ карданд
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда мешавад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0