The Guardian: Амрико пайдоиши коронавирусро пинҳон доранд

© Sputnik / Амир ИсаевЛаборатория Таджикстандарта
Лаборатория Таджикстандарта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Хадамоти иктишофии Амрико сарчашмаи коронавирусро пайдо кард: чаро Вашингтон онро пинҳон медорад?
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Иёлоти Муттаҳида бояд маълумот дар бораи пайдоиши коронавирусро бо ҷомеаи ҷаҳонии илмӣ пешниҳод кунад, гуфт ба рӯзномаи The Guardian Дейл Фишер, коршиноси соҳаи тандурустӣ, ки бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамкорӣ мекунад.
Қаблан рӯзномаи Wall Street Journal бо ишора ба хадамоти иктишофии Амрико хабар дода буд, ки Вашингтон дар бораи пайдоиши сунъии коронавирус маълумот дорад, ки ҳанӯз тасдиқ нашудааст.
Рӯзнома навиштааст, ки се корманди яке аз озмоишгоҳи шаҳри Вуҳани Чин тирамоҳи соли 2019 бо нишонаҳои шабеҳи COVID-19 дар беморхона бистарӣ шуда буданд.
Фишер таъкид дошт, ки "рӯзномаи The Wall Street Journal - роҳи дуруст барои табодули иттилооти илмӣ нест".
Ба гуфтаи вай, назария дар бораи пайдоиши сунъии коронавирус тавлиди сунъии вируси корона ҳанӯз ҳам матраҳ аст, вале он то ҳол, тасдиқи худро пайдо накардааст.
Микрофотография частиц коронавируса в клетке зараженного человека - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Олимон ҷаҳонро аз хатари COVID - 26 ва COVID - 32 ҳушдор медиҳанд
Ҳамчунин, Фишер аз СҶБ даъват кард, ки нақшаҳои худ дар бораи санҷишҳои пайдоиши вируси коронаро ошкоро нашр кунад. Ба гуфтаи вай, пас аз сафари кори дар моҳи феврал ба Вухани Чин, ҳеҷ изҳороте аз ин созмон ба нашр нарасидааст. Ба ҳамин сабаб, аксарият гумон мекунанд, ки ҷустуҷӯи сарчашмаи вирус қатъ шудааст.
Ба гуфтаи коршинос, Чин аз тарси ҷуброни зарар кӯшиш мекунад, ки пайдоиши коронавирусро пинҳон кунад.
"Ҳар кишваре, ҳар навъи вируси COVID-19-ро дар марзҳояш пеш аз паҳншавии он ошкор намояд, ногаҳон роҳи хомуширо интихоб мекунад. Дипломатия - ин роҳи ростет, ки фарҳанги бегуноҳиро фароҳам мекунад", - таъкид дошт коршинос.
Мужчина в средствах индивидуальной защиты выполняет ритуалы кремации жертвы COVID-19 в Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар рӯди Ганг даҳҳо ҷасади қурбониёни COVID дарёфт шуд
Guardian менависад, ки пас аз тафтишоти зимистонӣ, СҶБ назарияи дар бораи пайдоиши сунъии коронавирусро ғайри имкон донист. Аммо, шартҳои ҳайати СҶБ, ки бо мақомоти Чин мувофиқа шуда буд, танҳо омӯзиши эҳтимолии пайдоиши вирус аз ҳайвонотро дар бар мегирифт.
Роҳбари СҶБ Тедрос Адханом Гебрейесус ба таҳқиқоти иловагӣ даъват кард ва таъкид кард, ки ҳама фарзияҳо дар бораи пайдоиши COVID-19 матраҳанд.
Тафтиши Амрико дар бораи пайдоиши коронавирус, ки бо супориши Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико сурат гирифтааст, аз ҷониби пайравони роҳбари собиқи Кохи Сафед Доналд Трамп дастгирӣ ёфтааст, илова кардааст The ​​Guardian.
Лентаи хабарҳо
0