Ҳунарпешаи ҷавони тоҷик дар ҷашнвораи филмҳо дар Итолиё беҳтарин дониста шуд

© Facebook / Рафоат ШоазимоваРафоат Шоазимова
Рафоат Шоазимова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Ҳунарпешаи ҷавони тоҷик Рафоат Шоазимова дар фестивали байналмилалии Asti дар Итолиё беҳтарин дониста шуд
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Ҳунарпешаи боистеъдоди тоҷик Рафоат Шоазимова бо нақшофарӣ дар филми "Провенциальные мечтатели" (Хаёлпарастҳои музофотӣ) дар ҷашнвораи Итолиё беҳтарин шуд.
Тавре ҳунарпеша ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пирӯзӣ дар ҷашнвораи бузурги байналмилалии Asti Film Festival дар шаҳри Asti барои ӯ "хурсандии ғайричашмдошт" буд.
"Ҳама дар офаридани нақш ба ман кумак карданд ва ин пирӯзии умумии мост. Ман шодам, ки филми тоҷикӣ дар Итолиё, ватани коргардонҳои барҷаста муаррифӣ шуд. Ман ин пирӯзиро мисли Золушка дарёфтам, ки ба бал мерасаду шоҳзодаро мебинад", - гуфт ҳунарпешаи тоҷик.
Ба гуфти ӯ, ин пирӯзӣ "ангезаи пешрафт ва рушд кардан" аст.
Коргардони филм, бародари ҳунарпеша - Румӣ Шоазимов дар саҳифаи шахсии худ дар Фейсбук низ ин хушхабарро шарҳ дод.

"Мо бениҳоят хурсанд ва хушҳолем! Ташаккури зиёд ба директори кинофестивал Риккардо Коста ва ба ҳамаи ташкилкунандагони ҷашнвораи Asti", - навиштааст Шоазимов.

Ба гуфти ӯ, тамоми оила барномаро аз маросими ҷоизасупорӣ тамошо карданд, алалхусус тамошои ҳунармандони сатҳи ҷаҳонӣ дар озмуни кинематографистон хуш буд ва аз пирӯзии хоҳари худ шодмонӣ мекард.
Шоазимов дар навбати худ барои дастгирӣ ба давлат ва ширкати русии CinePromo барои пешбарӣ изҳори миннатдорӣ намуда, кори бузурги тамоми даста ва ҳайати ҳунариро махсусан қайд кард.
Ёдовар мешавем, ки филми бадеии "Хаёлпарастони музофотӣ" соли 2020 дар киностудияи "Тоҷикфилм" ба навор гирифта шудааст. Пештар ин филм дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои "Падарон ва фарзандон" се ҷоиза ба даст оварда буд.
"Хоби ҳамдуна"-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Ҳоло ин филм дар Севастопол низ дар доираи озмуни "Золотой Витяз" намоиш дода мешавад.
Худи Шоазимов иқрор шуд, ки филми нави ӯ дар жанри мураккаби мазҳака ба навор гирифта шудааст ва аз ду қисм иборат аст. Ғояи асосӣ арзишҳои оилавӣ ва робитаи байни наслҳо мебошад.
Лентаи хабарҳо
0