Ҷавони 22 - сола модарашро кушт

© Sputnik / Табылды КадырбековНасилие в семье, архивное фото
Насилие в семье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Ҷавон сокини ноҳияи Шаҳринав буда, дар саҳни ҳавлии истиқоматияш модарашро буғӣ карда кушт
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Дар ноҳияи Шаҳринав куштори даҳшатбор сурат гирифтааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис ҷавони 22 - соларо дастгир намуданд, ки дар қатли модари худ муттаҳам дониста мешавад.
Ин ҳодисаи нангин рӯзи 28 май дар шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав рух додааст.

"Соати 18:00 - и рӯзи 28 май, дар саҳни ҳавлӣ, миёни гумонбаршуда ва модари ӯ муноқишаи оилавӣ рух дод, ки дар натиҷа фарзанд модарашро аз роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонд", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Қаблан ҳодисаи ба ин монанд дар ноҳияи Рӯдакӣ иттифоқ афтода буд. Он замон ҷавони 21 - сола бародари 23 - солаи худро бо зарби 10 корд ба қатл расонд.
Лентаи хабарҳо
0