"Падари қарздор зану фарзандонашро кушту сирко нӯшид”: ҷасади Ёровҳо баъди 1 моҳ пайдо шуд

© starhitФируз Еров с женой Юлией
Фируз Еров с женой Юлией - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Шелковои Русия якбора ҷасади 4 шаҳрванди Тоҷикистон бо гузашти як моҳ аз фавти онҳо дар манзили истиқоматияшон пайдо гардид
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар шаҳри Шёлковои назди Маскав сарвари оила ҳамсар ва ду духтарашро кушта, сипас худкушӣ кардааст, хабар медиҳад Кумитаи тафтишотии Русия.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди 42 – солаи Тоҷикистон, Ф.Ёров бо ҳамсари 40 – солаи худ муноқиша намуда, ӯву ду фарзанди 11 ва 17 – солаашро бо чанд зарби кор куштааст. Сипас худ низ сирко нӯшида ҷон бохт.
Ҷиноят пас аз он кушода шуд, ки сокинон бӯи нохуше ҳис карда, ба полис занг заданд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ пас аз шикастани қулфи дар, ҷасади зану кӯдаконро бо захмҳои зиёди корд ва ҳамчунин ҷисми беҷони мардро бидуни осебе пайдо намуданд.
Насилие в семье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Ҷавони 22 - сола модарашро кушт
Дар паҳлуи мард шишаи холии сирко буд ва ба эҳтимоли зиёд ӯ пас аз қатли хонаводааш сирко нӯшида худкушӣ намуд.
Тахмин мезананд, ки ин ҳодиса тақрибан як моҳ пеш рух додааст.
Манобеи Life Shot менависад, Ёров сардори Раёсати рушди як ширкати телекоммуникатсионӣ буда, ҳамчунин побанди қиморбозӣ буда аз ин шуғли худ дар қарз ғутавар задааст.
Фарзияе мавҷуд аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон маҳз барои қарздор будан, худ ва хонаводаашро кушт.
Ҳоло нисбати ин ҳодисаи даҳшатбор парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0