Президенти нави Эрон ба Душанбе даъват мешавад: Зоҳидӣ аз узвияти Теҳрон дар СҲШ гуфт

© сомонаи Донишгоҳи давлатии ХуҷандНизомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, президенти тозаинтихоби Эрон ба Душанбе даъват хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Низомиддин Зоҳидӣ, собиқ ноиби аввали вазири умури хориҷӣ ва сафири феълии Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, узвияти доимии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷумлаи нақшаҳои асосии ин созмон мебошад.
“Ман аввалин шахсе будам, ки узвияти Эронро ба Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод кардам, аммо қарорҳо бояд бо ризоияти ҳамаи кишварҳо қабул карда шаванд. Узвияти Эрон аз ҷумлаи нақшаҳои Созмони ҳамкории Шанхай аст ва агар кишварҳои дигар ба қабули Эрон омода бошанд, Тоҷикистон низ омода хоҳад буд ”, - изҳор доштаст Зоҳидӣ, зимни нишасти матбуотӣ дар сафорат.
Эрон феълан дар СҲШ нозир мебошад. Зоҳидӣ аз роҳбарии Тоҷикистон дар ин созмон гуфта, таъкид намуд, ки раёсат ба меъёрҳои баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манофеи ҳамаи кишварҳои узв асос ёфтааст.
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
Ба навиштаи Теҳрон таймс, Зоҳидӣ иттилоъ додааст, ки мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16 – 17 сентябр дар шаҳри Душанбе дар назар аст. Феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистон шомили СҲШ мебошанд.

Низомиддин Зоҳидӣ таъкид намудааст, ки баъди анҷоми интихоботи раисиҷумҳури Эрон, мақомоти Тоҷикистон ба роҳбари тозаинтихоб даъватнома барои иштирок дар ҳамоиши солонаи сарони кишварҳои СҲШ мефиристанд.

Сенздаҳумин интихоботи раисиҷумҳур дар Эрон 28 хурдодмоҳи 1400 баробар бо 18 июни 2021-и мелодӣ баргузор мешавад.
Дар феҳрасти номзадҳое, ки Шӯрои нигаҳбони ин кишвар таъйид кардааст, Саиди Ҷалилӣ фарзанди Муҳаммадҳасан, Муҳсини Ризоии Мирқоид–фарзанди Наҷаф, Оқои Саидиброҳими Раисӣ ­Ал Содот, машҳур ба Раисӣ– фарзанди Саидҳоҷӣ, Алиризо Зоконӣ – фарзанди Ҳусайн, Саидамирҳусейни Қозизодаи Ҳошимӣ–фарзанди Саидҳасан, Муҳсини Меҳрализода– фарзанди Раҳим ва Абдунносир Ҳимматӣ – фарзанди Аҳмадалӣ зикр шудаанд.
Дар Эрон як нафар ҳақ дорад, барои ду давраи чаҳорсола раисиҷумҳур интихоб гардад. Роҳбарии ду давраи охирро дар Эрон Ҳасани Руҳонӣ ба уҳда дошт, ки барои муносиботи Тоҷикистону Эрон беҳтарин давра набуд.
Лентаи хабарҳо
0