Риёз мизбони бозиҳои ҷаҳонии размӣ интихоб гардид

Эр-Рияд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Ассотсиатсияи ҷаҳонии федератсияҳои байналмилалии варзишӣ – GAISF, пойтахти Арабистони Саудӣ - Риёзро мизбони Бозиҳои ҷаҳонии размӣ дар соли 2023 эълон кард
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар Бозиҳои ҷаҳонии размӣ мусобиқаҳо аз рӯи 15 намуди варзиш баргузор мешавад.
Бозиҳои ҷаҳонии размӣ бори охир дар Санкт-Петербурги Русия соли 2013 баргузор шуда буд. Ин чорабинӣ ибтидо бояд аз 3 то 9 майи соли 2021 баргузор мешуд, аммо GAISF пешниҳод кард, ки бозиҳо ба соли 2022 гузаронида шаванд.
Ёддошти тафоҳум барои Бозиҳои ҷаҳонии размӣ дар соли 2023 зимни як маросими вижа дар Ассамблеяи генералии Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ ба имзо расид. Дар ин маросим тамоми федератсияҳои миллии эътирофшудаи ҳунарҳои размӣ ва варзиши муҳорибавӣ шомил буданд.
"Бозиҳои ҷаҳонии размӣ бештар аз як чорабинии варзишӣ мебошад, ин як ҷузъи тафоҳумномаи байни GAISF ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) аст", - гуфтааст Раффаеле Чиулли, президенти GAISF ва SportAccord.
Ба барномаи Бозиҳои ҷаҳонии размӣ ҳам намудҳои олимпӣ ва ҳам намудҳои ғайриолимпӣ вориданд.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Эълони танаффус дар Чемпионати Тоҷикистон: "Хуҷанд" пирӯзи марҳилаи аввал
“Қадамҳои навбатӣ ниҳоӣ кардани барномаи варзишӣ бо федератсияҳои байналмилалии варзишӣ ва гирифтани тасдиқи ниҳоӣ аз КБО хоҳад буд”, - омадааст дар изҳороти GAISF.
Риёз моҳи декабри соли гузашта мизбони Бозиҳои Осиё-2034 эълон шуд. Арабистони Саудӣ, инчунин солҳои охир чорабиниҳои сатҳи баланди бокс, “Формула-1” ва голфро гузаронидааст.
Шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал Файсал Ал-Сауд, президенти Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ изҳор дошт, ки Бозиҳои ҷаҳонии размӣ дар омодагӣ ба Бозиҳои Осиё дар соли 2034 кӯмак мекунад.
“Арабистони Саудӣ дорои инфрасохтор аст ва ин чорабиниро барои таҳкими ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ ва аз ин Бозиҳои маҷмӯӣ ҳамчун яке аз аввалин чорабиниҳои бузург ба сӯи Бозиҳои Осиё-2034 истифода хоҳад кард”, - гуфтааст шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала