"Аз суҳбат бо Путин розиям": Ҷабборов Русия ва Қирғизистонро иттифоқчиёни доимӣ номид

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Киргизии С. Жапаровым
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Киргизии С. Жапаровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бораи натиҷаҳои гуфтушунид бо президенти Русия Владимир Путин гуфт
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Русия ва Қирғизистон ҳамеша иттифоқчиён ва шарикони иқтисодӣ боқӣ хоҳанд монд, гуфт Содир Ҷабборов дар суҳбат бо шабакаи телевизионии Россия-1.
"Барои Русия, барои Владимир Путин сарнавишти Қирғизистон бетараф нест. Мо муттаҳидони ҷовид ва шарикони тиҷоративу иқтисодӣ ҳастем, аз ин рӯ, пеш аз ҳама, мо рушди минбаъдаи ҷумҳуриро баррасӣ кардем", - гуфт Ҷабборов.
Вай афзуд, ки аз натиҷаҳои музокирот бо раҳбари Федератсияи Русия, ки рӯзҳои 24-25 май баргузор шуд, қаноатманд аст.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Киргизии С. Жапаровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Путин бо Ҷабборов масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кард
Хотиррасон мекунем, ки Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари корӣ ба Русия омада буд.
Дар мулоқот бо Путин дар Сочи, ӯ ба ҳамкориҳои дуҷониба дахл кард.
Ғайр аз ин, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрам, аз ҷумла мубориза бо коронавирус ва вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала