Бархӯрди маргбори "Тайота-Каролла" бо "Мерседес-Бенс" дар роҳи "Хуҷанд-Душанбе"

© Sputnik / Павел ЛьвовДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
НовостиTelegram
Бархӯрди маргбори "Тайота-Каролла" бо "Мерседес-Бенс" дар роҳи "Хуҷанд-Душанбе" бо марги як тан ва бисарӣ шудани ронандаю мусофир анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Дар паи садамаи нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон як тан ҳалок ва ду нафари дигар ҷароҳатдор шуд, хабар медиҳад Вазортаи корҳои дохлии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодисаи нохш рӯзи 29-уми май, тахминан соати 12:10 дар шоҳроҳи "Хуҷанд-Чанок-Душанбе" ба вуқӯъ пайваст.
ДТП под Уватом в котором погибла молодая семья родом из Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Тафсилоти садамае, ки ҷони оилаи ҷавон бо кӯдакашонро гирифт: шарҳи БДА
Гуфта мешавад, ки ронандаи "Тайота-Каролла" О.Б, сокини 28-солаи деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан дар ҳудуди мавзеи “Қумбед”-и ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонистааст.
Ӯ дар ҳамин миён ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" - и Ш.Ю. сокини 34-солаи шаҳри Бохтар, бархурдааст.
"Дар натиҷа, мусофири худрави "Тайота Каролла", Ҷ.С, сокини 50-солаи ҷамоати деҳоти Гули Сурх ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, ронандаи худрави “Тайота-Каролла”, ва мусофираш сокини 30-солаи шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд.
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Садамаи маргбор: ҳалокати Абдураҳмони 3-сола зери чархи “Портер”- и Ҷуманазар
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0