Намояндаи СҶБ роҳи муассири ҳифзи кӯдакони тоҷик аз фалаҷро нишон дод

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в районе Рудаки, архивное фото
Люди в масках в районе Рудаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Намояндаи Созмони ҷаҳонии бедошт дар Тоҷикистон, доктор Виктор Олшавский гуфт, чӣ гуна мешавад, кӯдакони тоҷикро аз гирифторӣ ба бемории фалаҷ муҳофизат кард
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Виктор Олшавский намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) дар Тоҷикистон гуфт, бемории фалаҷ табобатнашаванда аст, вале аз он метавон пешгирӣ кард.
"Табобати полиомиелит вуҷуд надорад, онро танҳо тавассути истифодаи ваксина пешгирӣ кардан мумкин аст. Агар ваксинаи зидди фалаҷ якчанд маротиба ба кӯдак дода шавад, метавон бо ин роҳ кӯдакро пурра аз ин сироят муҳофизат намуд", - гуфт Виктор Олшавский.
Ӯ афзуд, ки ваксинаи даҳонии полиомиелит бехатар ва муассир буда, барои нест кардани фалаҷи атфол дар аксар қисматҳои ҷаҳон истифода шудааст. Истифодаи ваксинаи даҳонии полиомиелит дар Тоҷикистон барои пешгирии сироят ва муҳофизати кӯдакон аз ин бемории вазнин муҳим аст.
Вакцинация детей от полиомиелита  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Даъвати Вазорати тандурустӣ аз волидони тоҷик: то 5 июн кӯдаконро эм кунед
"СУТ тамоми талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони соҳаи тандурустиро барои омодагӣ ба маъракаву хариди ваксинаҳо дастгирӣ мекунад. Ҳамзамон волидонро даъват мекунем, ки фарзандони худро эм кунанд", - хулоса кард намояндаи СҶБ дар Тоҷикистон.
Ин суханонро доктор Олшавский бахшида ба оғози рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ (полиомиелит), ки аз имрӯз оғоз шуд, дар брифинг дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика"-и Вазорати тандурустии Тоҷикистон, гуфт.
Дар ин брифинг ҳамчунин сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода Наврӯз Ҷаъфаров, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Медицинский работник вводит капли вакцины против полиомиелита ребенку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Вазорати тандурустӣ сабаби хурӯҷи фалаҷ дар Тоҷикистонро гуфт
Ёдовар мешавем, ки пас аз таҳқиқи ҳамаҷониба Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди соҳаи тандурустӣ маъракаи иловагӣ оид ба эмгузаронии кӯдакон ҷиҳати пешгирии сирояти вируси фалаҷро омода намуд, ки он дар ду давраи эмкунӣ, мутаносибан аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли равон баргузор хоҳад шуд.

Фалаҷ чӣ гуна беморӣ аст?

Бар асоси матлабе, ки дар сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, фалаҷ бемории шадиди сироятшаванда мебошад. Барангезандаи он се намуди вируси бемории фалаҷ ба ҳисоб меравад ва аз одами бемор ё ҳомили барангезанда ба воситаи хӯрок, об ва гуфтугӯ ба шахси сиҳат мегузарад.
Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ба бемории фалаҷ асосан кӯдакони то панҷсола гирифтор мешаванд. Аз ин хотир, барои пешгирии сироят аз он ҳар як мамлакат барномаи миллии худро қабул ва татбиқ менамояд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Баъди сабти ҳолатҳои нави беморӣ: Раҳмон қарори эмгузаронии иловагиро имзо кард
Ғайр аз ин, яке аз роҳҳои асосии пешгирии мубтало шудан ба ин беморӣ ба иммунизатсия фаро гирифтан мебошад. Дар Тоҷикистон одатан давоми 24 соати баъди таваллуди кӯдак ӯ бо ваксинаи зидди бемории фалаҷ, ки тариқи даҳон истифодашаванда мебошад, фаро гирифта мешавад. Баъдан ӯ дар 2-3 ва 4-моҳагӣ ин навъи ваксинаро қабул мекунад.
Мутахассисони соҳаи тиб бар онанд, ки дар 90-95 дарсади одамони сироятёфтаи вируси фалаҷ беморӣ бе ягон нишонаҳои клиникӣ мегузарад. Дар 4-8 фоизи сироятёфтагон беморӣ ба таври сабук мегузарад ва ба ӯ нишонаҳои начандон баланди таби бадан, ангина, дилбеҳузурӣ, дарди шикам, беиштиҳоӣ ва сустии тамоми бадан хос аст.
Чунин намуди беморон тез сиҳат мешаванд. Дар онҳо фалаҷшавӣ ба вуҷуд намеояд. Ин шакли бемориро “фалаҷи абортивӣ” меноманд, омадааст дар матлаби Вазорати тандурустӣ.
Медицинский работник вводит капли вакцины против полиомиелита ребенку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Воридоти миллионҳо ваксинаи зидди фалаҷи атфол ба Тоҷикистон
Аммо Тоҷикистонро моҳи марти соли 2010 вируси ёбоии фалаҷи навъи 1 фаро гирифта буд, ки сабаби хурӯҷи бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ гардид. Дар пайи чораандешиҳо ва эмгузаронӣ роҳи паҳншавӣ ва умуман гардиши барангезандаи бемории фалаҷ вируси “ёбоӣ”-и намуди I гирифта шавад.
Моҳи июли соли 2010 дар Тоҷикистон охирин ҳодисаи бемории фалаҷ ба қайд гирифта шуд, таъкид карда буд Вазорати тандуруструстӣ.
Ёдрас мешавем, ки аввали баҳори соли равон Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз хурӯҷи бемории полиомиелит ва ё фалаҷи кӯдаконаи намуди 2 дар Тоҷикистон ҳушдор дод.
Ба иттилои ин созмон, аввалин ҳолати сироятёбӣ ба фалаҷи кӯдакона дар вилояти Хатлон сабт шуда, моҳи март ин беморӣ дар деҳоти ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шудааст.
Масъулини тандурустӣ яке аз сабабҳои пайдоиши бемориро ба хунукназарии бархе волидон ба эмгузаронӣ гуфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала