"Дарро аз берун пӯш" - талабае, ки муаллимаашро аз дарс ронд: шарҳи пулис – видео

© Sputnik / Амир ИсаевВступительные экзамены в вузы, архивное фото
Вступительные экзамены в вузы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Рафтори хонандаи мактаби миёна нисбат ба омӯзгораш боиси вокунишҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Қаҳрамони наворе, ки нисбат ба як омӯзгор беэҳтиромӣ карда, ӯро бо лаҳни дурушт аз синфхона ронд, аз ҷониби кормандони милиса муайян шуд.
Ин навор чанде пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дар он хонандаи мактаб ба омӯзгори худ дар нишон дода, аз ӯ талаби тарк кардани синфхона намуд.
Нашри ин навор ва ҳолати бадрафториву беҳурматии хонанда нисбати муаллимаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфии зиёдеро ба миён оварда, корбарон дархост намуданд, ки нисбати хонандаи бадрафтор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе мегӯяд, пас аз як соати нашр шудани навор, кормандони милиса шахсияти хонандаро муайян намуданд.

"Номбурда, Ф.М, сокини 17 - солаи кӯчаи Неъмат Қарабоев, хонандаи синфи 11 "А" МТМУ №76 ноҳияи Фирдавсӣ мебошад, ки муаллимаи фанни алгебра Ф.М.-ро аз синфхона берун кардааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, нисбати падари 49 - солаи наврас, барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, бо моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол шудааст.
Бо хонанда ва ҳамсабақони ӯ суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки солҳои ахир дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон хабару гузоришҳои ба ин монанд зуд - зуд ба миён меоянд.
Хонандагон гоҳе бо силоҳ мусаллаҳ мешаванду гоҳе дастаҷамъона вориди задухӯрд мешаванд.
Давлятов Айниддин Нуриддинович- студент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Сарзаниши падар: донишҷӯ сабаби ба декан корд кашиданашро гуфтааст
Барои пурзӯр кардани назорат аз болои хонандагону донишҷӯёни донишкадаҳо, дар Тоҷикистон аз ҷониби кормандони полис амалиёти "Корд" роҳандозӣ шуд. Ҳамчунин то як муддат дар мактабҳо дар қатори постбонҳо ҳамчунин кормандони пулис навбатдорӣ мекарданд.
Чанде пеш як донишҷӯи Донишгоҳи технлогӣ декани факултаро бо корд маҷрӯҳ кард ва аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуд. Феълан қазияи ин ҳдиса норӯшан аст ва маълум нест, ки донишҷӯ барои ин амали худ чӣ ҷазо гирифт.
Дар робита ба ин қазия, Вазири маориф Имомзода Муҳаммадюсуф низ зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар ин ҳодиса бояд фарзияи ҳар ду ҷониб шунида ва таҳлили амиқ шавад.
Лентаи хабарҳо
0