Аҳмадзода кӯдакони маъюбро аёдат карду ваъда дод нафақаашон 20 фоиз зиёд мешавад

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиГубернатор Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил ряд детей с ограниченными возможностями в Худжанде
Губернатор Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил ряд детей с ограниченными возможностями в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Раиси вилояти Суғд зимни аёдати кӯдакони маъюбу бемор дар шаҳри Хуҷанду Бӯстон изҳор кардааст, ки нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ таъин гардидааст аз 1 сентябр боло бурда мешавад
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд нафақа кӯдакони маъюб аз 1 сентябри соли равон ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Тибқи дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, ин нуктаро Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдати кӯдакони маъюб ва бемор дар шаҳри Хуҷанду Бӯстон, ки ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон сурат гирифтааст, баён намудааст.
Ба иттилои манбаъ раиси вилояти Суғд нахуст аз ҳоли Нигора Ҳомидоваи 15 сола, Ҳасанхӯҷа Боқиеви 11 сола, Муҳаммадҷон Раҳимови 9 сола ва Шукрулло Абдуқаюмови 11 сола хабар гирифта, ба онҳо туҳфаҳои идонаи худро супорид.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки Ҳукумати кишвар ба ҳаёту фаъолияти маъюбону ятимон диққати махсус зоҳир карда, мунтазам чунин нафаронро дастгирӣ менамояд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Гирёну хандону норизо: вохӯриҳои хандаовари сиёсатмадорони баландпоя бо кӯдакон - аксҳо
Сипас ба иттилои манбаъ раиси вилояти Суғд низ чанде аз кӯдакони маъюб ва беморро дар шаҳри Бӯстон аёдат карда, ба хурдсолон туҳфаҳои идона супорид.
Гуфта шудааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла ба дидорбинии сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маъюби гуруҳи ду Умедҷон Назаров ва ду нафар кӯдакони оилаи Шукуровҳо, инчунин сокинони шаҳри Бӯстон Фарзона Собирова ва Дилмурод Мирзоев рафта, ба кӯдакону наврасон хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала