Ализода дар Бишкек бо Қазоқбоев вазъияти марзро баррасӣ кард

© МИД КРВстреча Посла Таджикистана с Министром иностранных дел Кыргызстана
Встреча Посла Таджикистана с  Министром иностранных дел Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон бо вазири умури хориҷии ин кишвар масоили марзиро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев рӯзи 31 май дар Бишкек доир гаштааст.
Ба гузориши котиботи ВКХ Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот табодули афкор атрофи вазъи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
"Ҳамсуҳбатон масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд", - афзудааст манбаъ.
Назирмад Ализода қайд намудааст, ки Тоҷикистон азм дорад, бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ ва бо ҷустуҷӯи қарорҳои ба ҳарду ҷониб муносиб, раванди музокироти аломатгузории сарҳади давлатиро пайгирона идома диҳад, афзудааст ВКХ Тоҷикистон.
Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дар мулоқот диққати махсус ба андешидани чораҳои зарурӣ барои ҳифзи сулҳ ва субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон зоҳир карда шуд.
Дар пайи ҳаводиси ахири хунини марзӣ Руслан Қазоқбоев нақши пешбарандаи дипломатҳо ва масъулияти сардорони намояндагиҳои дипломатии ду давлатро дар Бишкек ва Душанбе таъкид кард, ки барои мустаҳкам намудани муносибатхои дӯстона ва ҳисса гузоштан ба пешгирии задухурдҳои мусаллаҳонаи байни мамлакатҳои бародарй пешбинй шудаанд.
Юртаи қирғизҳо дар шафати деҳаи Қалъача - қаламравӣ баҳсӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Овчиқалъача”: Аскар Акаев чӣ иштибоҳ кард?
Қазоқбоев ҳамзамон таъкид кардааст, ки ҷониби Қирғизистон барои ба даст овардани натиҷаҳои амалӣ дар муайянсозии хати сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бо назардошти манфиатҳои дуҷониба умед дорад.
Ҳамзамон дар ин дидор масъалаҳои будубоши қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламравҳои ҳарду давлат низ баррасӣ шудаанд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Қирғизистон марзҳояшро боз бо Тоҷикистон баст
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Архивное фото сотрудников пограничной службы Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
“Бидуни огоҳӣ”: муроҷиатномаи мақомоти тоҷик ба мардум баъди қарори Қирғизистон
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд. 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Хистеварз”: қабри падари сарвазири Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ?
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон ахиран тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст. Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонид ва фурӯши чиптаҳоро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пурра манъ кард.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала