Худро мақомдор гуфт: боздошти "чиптафурӯш" - и қаллоб дар Хатлон

© SputnikБилет на самолет
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Боздоштшуда худро корманди муассисаи ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Хатлон муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Хариду фурӯши чиптаи ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон самти Русия дар ин шабу рӯз ба яке аз масъалаҳои ҳассос табдил ёфтааст.
Шаҳрвандон аз гаронии нархи чипта меноланду кормандони пулис чиптафурӯшони қаллобро "шикор" мекунанд.
Котиботи Вазорати умури дохила аз боздошт шудани сокини 33 - солаи шаҳри Бохтар хабар медиҳад, ки дар қаллобӣ ва фиреби мардум муттаҳам дониста мешавад.
С.З, ки қаблан низ ду маротиба бо ҷурми даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ суд шуда буд, ин навбат бо истифода аз камчинӣ ва нархи гарони чиптаи ҳавопаймоӣ ба боварии як сокини маҳаллӣ даромада, аз ӯ бар ивази харид кардани чипта ,2 100 сомонӣ гирифтааст.
Очередь за авиабилетами в авиакассу в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Нигарониҳо аз гаронии нархи чипта дар Хуҷанд: сокинон мегӯянд,то 15 ҳазор расид
Билети ҳавопайморо бо истифода аз технологияи компютерӣ чоп намуда, пас аз супоридан ба дасти корафтода аз ӯ боз 450 сомонии дигар гирифтааст.
Гуфта мешавад, аз болои "чиптафурӯш"- и қаллоб, ҷабрдида ба кормандони милиса шикоят намуд, ки дар натиҷа ӯро боздошт намуданд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати С.З парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала