Боздошти Ҷеенбеков, бародари собиқ президенти Қирғизистон

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкБывший спикер парламента Киргизии и брата экс-президент Асылбека Жээнбеков
Бывший спикер парламента Киргизии и брата экс-президент Асылбека Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Обуна шудан
Раиси пешини парлумони Қирғизистон ва бародари президенти собиқ Асилбек Ҷеенбеков бо ҷурми фасод боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 1 июн— Sputnik. Бино ба гузориши хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Ҷеенбеков ҳоло ба муддати ду моҳ боздошт шудааст.
Раиси пешини парлумони Қирғизистон дар робита ба парвандаи фасодкорӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи "Кумтор" боздошт шудааст.

"Пас аз гузаронидани як қатор амалҳои тафтишотӣ бо гумони содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 319 қисми 2 (коррупсия) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон, огоҳинома дар бораи гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур ба Асилбек Ҷеенбеков ва Торобай Зулфиқоров вакилони Жогорку Кенеш супорида шуд (парлумон, - таҳрир)", - гуфтааст манбаъ.

Тибқи гузоришҳо, худи ҳамон рӯз Суди ноҳияи Первомайи Бишкек дархости тафтишотро баррасӣ кард ва нисбати Ҷеенбеков ва Зулфиқоров чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс барои ду моҳ таъин кардааст.
Асилбек Ҷеенбеков бародари президенти пешин Сооронбой Ҷеенбеков мебошад, ки дар натиҷаи тазоҳуроти моҳи октябри соли 2020 истеъфо дод.
Омурбек Бабанов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
КДАМ Қирғизистон собиқ раиси Ҳукуматро бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт кард
Ӯ узви парлумон буда, аз соли 2011 то 2016 ба ҳайси раиси парлумони Қирғизистон кор кардааст.
Зулфиқоров инчунин вакили парлумон аст, ки қаблан ба ҳайси муовини раис кор мекард.
Ин нахустин боздошти мансабдорони баландмақоми собиқи ин кишвар набуда, рӯзи гузашта низ сарвазири пешини Қирғизистон, Омурбек Бабанов дар робита ба парвандаи фасодкорӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи "Кумтор" боздошт шуд.
Додситонии кулли Қирғизистон қаблан барои фасодкорӣ зимни созиши коркарди кони тиллои Кумтор парвандаи ҷиноӣ оғоз карда буд.
Зикр гардид, ки аз соли 1992 то 2019 баъзе шахсони мансабдори баландпоя ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ва роҳбарияти ҶСК “Қирғизалтин” бо мақсади ба даст овардани фоидаи ғайриқонунӣ ва дигар манфиатҳо якчанд созишнома бастаанд, ки дар натиҷа, ба давлат миллиардҳо доллар зарари моддӣ ва хисороти ҷуброннопазир ба муҳити зист расид, иттилоъ дода буд котиботи додситонӣ.
Лентаи хабарҳо
0