Даромади Рамазон Қодиров дар ду сол 50 маротиба зиёд шудааст

© Пресс-служба администрации ЧР / Гузариш ба медиабонкГлава Чечни Рамзан Кадыров
Глава Чечни Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Обуна шудан
Даромади Қодиров нисбат ба даромади умумии нӯҳ ҳокими дигари минтақаҳои гуногуни Русия бештар аст
ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар охири соли 2020 сарватмандтарин ҳокими Русия ба ҳисоб меравад. Дар ин бора "Открытые медиа" хабар медиҳад.
Ҳамин тавр, тибқи феҳристи манбаъ дар тӯли 12 моҳи охир даромади Қодиров беш аз 381 миллион рублро ташкил додааст. Дар ин феҳрист дар ҷои дувум ҳокими минтақаи Марий Эл Александр Евстифеев ҷой гирифтааст, ки даромадаш ҳамагӣ 84,7 миллион рублро ташкил медодааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо даромади роҳбари Чеченистон фарқияти назаррас дорад.
Ҷои сеюмро дар даҳгонаи сарватмандарин ҳокимҳои Русия ҳокими вилояти Маскав Андрей Воробёв ишғол кардааст. Даромади ӯ 79,8 миллион рубл будааст. Ғайр аз ин се нафар ба даҳгонаи сарватмандтарин ҳокимҳои Русия роҳбарони зерини ворид шуданд:
- Игорь Артамонов – вилояти Липецк (69,2 миллион рубл);
- Александр Усс – сарзамини Красноярск (30,1 миллион рубл);
- Дмитрий Артюхов – Ноҳияи худгардони Ямало-Ненитс (25,2 миллион рубл);
- Дмитрий Азаров – вилояти Самара (наздик ба 24 миллион рубл);
- Олег Кожемяко – сарзамини Приморск (23,6 миллион рубл);
- Валерий Лимаренко – вилояти Сахалинск (20,7 миллион рубл);
- Антон Алиханов – вилояти Калининград (20,4 миллион рубл).
Ҳамин тавр, даромади Қодиров аз даромади умумии 9 ҳокими Русия болотар будааст. Тибқи эъломияи роҳбари Чеченистон, даромади ӯ дар зарфи ду сол 50 маротиба афзоиш ёфтааст.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Қодиров гуфт, расонаҳо мехоҳанд ӯро чун мухолифи Путин нишон диҳанд
Дар соли 2020, ӯ тақрибан 381,19 миллион рубл, дар соли 2019 - 148 миллион даромад ба даст овардааст. Аммо дар соли 2018 бошад даромади Қодиров аз 10 миллион рубл зиёд набуд.
Тибқи эъломия, роҳбари Чеченистон соҳиби ду қитъаи замин бо масоҳати 3668 ва 28 361 метри мураббаъ ва масоҳати манзили зани ӯ 209,8 метри мураббаъ мебошад.
Маълум аст, ки нисбат ба соли 2019 амволи ғайриманқули Қодиров тағир наёфтааст. Роҳбари Чеченистон дорои 11 кӯдаки ноболиғ будааст.
Лентаи хабарҳо
0