Ҳамоиши тамринии тими мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай

© Федератсияи футболи ТоҷикистонТими мунтахаби футболбозони Тоҷикистон
Тими мунтахаби футболбозони Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Обуна шудан
Футболбозони тими мунтахаби Тоҷикистон барои тамрин дар шаҳри Дубай дар ҳайати комил ҷамъ омадаанд
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ҳайати комили тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол дар шаҳри Дубай барои зӯрозмоӣ бо футболбозони Ҷопону Мянма омодагӣ мебинад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар ихтиёри ситоди мураббиёни тими миллӣ бо роҳбарии Усмон Тошев ҳайати 24 нафарии бозигарон – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар қарор доранд.
Молодежная сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Тоҷикистон барои Ҷоми миллатҳои Араб сабқат мекунад
Ҳамоиши тамринӣ дар Дубай то 2 июн давом мекунад ва субҳи барвақти 3 июн тими мунтахаби футболбозони Тоҷикистон ба Осака парвоз хоҳад кард. Дар он ҷо тими Тоҷикистон бозиҳои ниҳоии даври дуюми мусобиқаи интихобӣ ба Ҷоми ҷаҳон – 2022 дар гуруҳи “F” – ро анҷом медиҳанд. Дар ин марҳила тими Тоҷикистон бо Ҷопон рӯзи 7 июн ва бо Мянма 15 июн зӯрозмоӣ мекунад.
Бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Тайланд, ки 29 май дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб доир гашт, мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиро бо ҳисоби 0:2 мебохт, вале ташаббус ба даст гирифта, тавонист дар охири дидор бозиро мусовӣ кунад. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон голҳоро Эҳсони Панҷшанбе ва Ислом Зоиров заданд.
Лентаи хабарҳо
0