Харобкориҳои боди шадид дар Хатлон: симчӯбу боми биноҳоро тахриб кард

© КЧС ТаджикистанаШквалистый ветер на территории Таджикистана
Шквалистый ветер на территории Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Обуна шудан
Вазиши боди шадид дар вилояти Хатлон боми чандин хонаву иншоотҳоро тахриб кард
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар навоҳии Восеъ ва Темурмалики ноҳияи Хатлони рӯзи гузашта шамоли сахт вазид, ки хисорот дар пай дошт.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, бар асари боди сахту шадид дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон симчӯбҳои интиқоли қувваи барқ зарар диданд.
Илова бар ин, боми хонаҳои баъзе сокинон, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва иншоотҳои ёрирасон қисман зарар диданд.
Манбаъ меафзояд, дар ноҳияи Темурмалик низ шамоли сахт боиси харобкориҳо гардидааст. Аз ҷумла, дар 7 ҷамоати деҳот беш аз 200 хоҷагӣ аз ин офати табиӣ зарар диданд.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Ситоди шаҳрӣ сабаби вайронкориҳои сел дар Кӯлобро гуфту сокинонро ба тозагӣ даъват кард
Гуфта мешавад, талафоти ҷонӣ ва ҳамчунин нобуд шудани чорво дар ин минтақа ба қайд гирифта нашудааст.
Феълан дар ҷойи ҳодиса Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода фаъолият мебаранд ва зарари умумии хисоротро муайян мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан бар асари боронгариҳои шадид, ки боиси фаромадани селу лойоба гардид, дар вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дасти кам 9 нафар ҷони худро аз даст доданд. Зимнан, даҳҳо нафар бехонаву дар монданд.
Бо супориши роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмонтамоми сокиноне, ки бар асари офати табиӣ бидуни сарпаноҳ монданд, то охири тобистон бо манзилҳои нав таъмин мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0