Хушдоман ғизо надод: ҷазои келине, ки ӯро кушт

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Додгоҳ гуноҳи зани 34 - соларо дар қатли хушдоман собит намуда, ҳукми ӯро содир кард
ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Қатли хушдоман аз сӯи келин дар ноҳияи Шаҳринав соли гузашта сурат гирифта буд ва ҳоло додгоҳ ҳукми нафари муттаҳам дар ин ҷиноятро эълон кард.
Котиботи Додгоҳи олӣ хабар медиҳад, ки ҳодисаи мазкур нисфирӯзи 22 ноябри соли гузашта дар манзили истиқоматии ин хонавода рух дод.
Келин Т.Н ба хотири омода намудани хӯроки нисфирӯзӣ барои фарзандони худ дохили ошхонааш мешавад, вале чун маводи лозимиро дарёфт намекунад, мехоҳад аз ошхонаи хушдомани худ маводи хӯрокворӣ гирад.
Уничтожение  незаконных наркотических веществ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Ҳукми ду зан ва чаҳор марди тоҷик дар Перм: ба 66-соли зиндон маҳкум шуданд
Аммо хушдоман Т.А нахост келинашро бо ғизо таъмин кунад ва аз ин рӯ миёни онҳо муноқиша бархост ва аввалӣ бо мақсади маҳрум намудани модари ҳамсараш, бо дасти чап аз шикам ва бо дасти рост аз даҳони ӯ дошта қасдан роҳи нафасашро маҳкам кард.
Дар натиҷа, хушдоман, ки муддати 3-4 дақиқа нафасгир шуда буд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Зимнан, нисбати келини хонавода аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Шаҳринав бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ, парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, барои тафтишот ба суд ирсол намуд.
Бо қарори суд, гуноҳи зани 34 - сола дар қатли хушдоман собит гардид ва ӯ ба муддати 9 сол равонаи зиндон шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала