Борон, барф ва раъду барқ: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Наталья СеливерстоваСнегопад, архивное фото
Снегопад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Ҳавои Тоҷикистон имрӯз ноустувор хоҳад шуд. Дар шарқи ВМКБ барф меборад
ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дамои ҳаво имрӯз дар кишвар гарм мешавад, вале боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.
Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Трещина на асфальте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Заминларза дар Тоҷикистон
Субҳи барвақт Хоруғро заминларза такон дод
Дар вилояти Суғд низ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала