ВУХ Русия гуфт, роҳи баҳри Шимолӣ нисбат вз канали Суэтс чӣ бартарӣ дорад

© пресс-служба КТЖМорской порт Актау
Морской порт Актау - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ, корманди масъули Шӯрои Арктика Николай Корчунов дар суҳбат бо РИА Новости гуфт, ки роҳи баҳри Шимолӣ (NSR) аз канали Суэтс чӣ бартарӣ дорад.
Ба гуфти дипломат, ҳодиса бо калонтарин киштии контейнеркаш Ever Given дар канали Суэтс моҳи марти соли равон аҳамияти рушди роҳҳои алтернативии нақлиёти ҷаҳонӣ, диверсификатсияи роҳҳои таъминотро нишон дод ва камбудиҳои долонҳои мавҷудаи баҳрро ошкор кард.
"Масири баҳри Шимолӣ нисбат ба роҳ тавассути канали Суэтс 40 фоиз кӯтоҳтар аст ва дорои як қатор афзалиятҳо, аз ҷумла роҳҳои сиёсӣ мебошад. Масири кӯтоҳи он имкон медиҳад, ки на танҳо вақт, балки хароҷоти сӯзишворӣ низ коҳиш дода шавад, ки ин ба кам кардани фишори антропогенӣ дар муҳити зист таъсир мекунад", - гуфт Корчунов.
Вай қайд кард, ки солҳои охир дар Русия динамикаи мусбии афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар соҳаи СМП ва рушди киштиронӣ мушоҳида мешавад. Ҳамсуҳбати агентӣ илова кард, ки ин ба қаламравҳои шимолӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонад ва инчунин ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Арктика, аз ҷумла мардуми бумӣ, мусоидат мекунад.
Киштии контейнербари  EVER GIVEN дар канали Суэтс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Тамбашавӣ дар Суэтс: киштии Ever Given боиси бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ шуд - аксҳо
Тавре роҳбари Вазорати рушди Шарқи Дури Русия Алексей Чекунков қаблан гуфта буд, калонтарин кишварҳои Осиё аллакай роҳи баҳри Шимолиро ҳамчун алтернатива ба канали серодами Суэтс баррасӣ мекунанд.
Тавре муовини сарвазир Юрий Трутнев қайд кард, Русия ҳама чизро хоҳад кард, то истифодаи СМП (Северний морской пут) "Роҳи баҳрии шимолӣ" -ро қулай, бехатар ва инчунин боиси коҳиш ёфтани партовҳои моддаҳои зараровар ба муҳити атроф гардонад.
Дарозии хатсайрҳои роҳи баҳри Шимолӣ аз дарвозаҳои Кара то дарвозаи Провидения беш аз 5,6 ҳазор километрро ташкил медиҳад, дарозии хатсайрҳои шафати дарёӣ тақрибан 37 ҳазор километр мебошад.
Киштии контейнербари 400-метраи Ever Given, ки аз Чин ба Роттердам, таҳти парчами Панама равон буд, рӯзи 23 март дар километри 151-уми канали Суэтс дар афтод ва ҳаракати нақлиётро шаш рӯз баст.
Киштии мазкур рӯзи 29 март пас аз чанд кӯшиш аз баҳр бароварда шуд. 422 киштӣ, ки бинобар ин ҳодиса дар навбат истода буданд, танҳо рӯзи 3 апрел аз канал гузаштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала