Нахустин тоҷикистонӣ қуллаи Эверестро фатҳ кард

© Facebook / Нодир Турсун-ЗадеАльпинист Виталий Хинензон
Альпинист Виталий Хинензон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Виталий Хинензон, ҷаҳонгарди тоҷикистонӣ нахустин нафаре аз Тоҷикистон аст, ки қуллаи баландтарини сайёра Ҷамолунгма (Эверест)-ро фатҳ кард
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар ин бора Фазлиддин Насриддинов ҷаҳонгарди тоҷик дар саҳифаи Фейсбукиаш хабар дода қайд кардааст, ки Виталий Хинензон қуллаи баландтарини сайёра Ҷамолунгма (Эверест)-ро, ки баландии он 8848 метр аст, фатҳ кардааст.
Бояд қайд кард, ки Виталий Хинензон ҷаҳонгарди тоҷикистонӣ 11 апрел аз шаҳри Катманду дар Непал дар ҳайати гурӯҳи интернатсионалӣ ба сафари Ҳимолой раҳсипор шуд.
Сафари фатҳи ин қулла бо мусоидати маҳфили украинии “Кулуарпоход” баргузор шуд.
Фазлиддин Насриддинов таъкид доштааст, ки Виталий Хинензон ҷаҳонгарди ботаҷриба буда, ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ ба кӯҳнавардӣ машғул мебошад.
Фотима Султонии 18-сола, як узви дастаи кӯҳнавардони Hikeventures, ҳангоми истифода аз компютер дар хонаи худ дар шаҳри Кобули Афғонистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2020
Афғондухтари 18-сола мехоҳад Эверестро фатҳ кунад
Таъкид шудааст, ки Виталий дар сафари фатҳи қуллаҳо дар Қафқозу Помир иштирок карда, ба фатҳи қуллаҳои баландиашон 5 ҳазор метрии Казбек, Элбрус ва 7 ҳазор метрии Исмоии Сомонӣ, Сино ва Озодӣ (собиқ Ленин, Коммунизм ва Корженевский) ноил гардидааст.
Фатҳи Эверест ҳанӯз соли гузашта тарҳрезӣ шуда, лекин бар асари пандемияи ҷаҳонии COVID-19 лозим омад, ки ба вақти дигар мавқуф гузошта шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала