Созиши Тоҷикистону Чин сари воридоти 300 ҳазор воя ваксинаи "CoronaVac"

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Бинобар сабаби вазъи бади эпидемиологӣ дар Ҳиндустон ин кишвар дигар ба Тоҷикистон ваксина ворид намекунад, бинобар ин Душанбе бо Пекин сари воридоти давои зидди коронавирус ба сифати кумаки башардӯстона ба созиш расидааст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Ҷафаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ созиш барои воридоти ваксинаи чинии "CoronaVac" ҳосил шуд, хабар додааст "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми ваксинаҳое, ки ба Тоҷикистон оварда мешаванд, 300 ҳазор воя буда, барои фарогирии 150 ҳазор нафар дар ду давра пешбинӣ шудааст.
Наврӯз Ҷафаров, гуфтааст, ҳоло масъалаҳои техникӣ, шароити ҳамлу нақл ва таҳвили "CoronaVac" ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.
Всемирный банк, офис в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Тоҷикистон дар феҳрасти гирандагони 2 миллиард доллар барои ваксина
Номбурда қаблан ба РИА Новости гуфта буд, ки нақшаи дастрас кардани ваксинаи истеҳсоли Ҷумҳурии Ҳиндустон бино ба вазъи эпидемиологии баамаломада тағйир ёфта, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳоло бо дигар истеҳсолкунандагон барои ҳалли ин масъала гуфтушунидҳои иловагиро роҳандозӣ намудааст.
Гуфта мешавад, аз 23 март то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар бар зидди бемории COVID-19 бо ваксинаи "AstraZeneca" эм шуда, раванди он тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда идома дорад.
Ин масъули вазорат вобаста ба ваксинаи "Спутник V" гуфтааст, ки Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо истеҳсолкунандаи ваксина ҳамкории зич дошта, масъалаи экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои ваксинаро барои бақайдгирии минбаъда, додани иҷозатномаҳо барои воридот ва истифодаи он дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавроф низ зимни сафараш ба Душанбе гуфт, ки кишвараш ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон хоҳад дод.
Ампула с вакциной против COVID-19 Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Русия ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон медиҳад
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аллакай бо ваксинаи AstraZeneca, ки дар Ҳиндустон истеҳсол мешавад, алайҳи коронавирус эм мекунад.
Бо вуҷуди ин, аҳолии Тоҷикистон ба ваксинаҳои Русия бештар эътимод доранд, гуфт сарвазир Коҳир Разулзода дар мулоқот бо ҳамтои худ Михаил Мишустин.
Дар Душанбе ва тамоми минтақаҳои Тоҷикистон се ҳазор нуқта барои эмкунии аҳолии ҷумҳурӣ аз коронавирус таъсис дода шудааст.
Тибқи Нақшаи миллии эмкунӣ, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла табибон, мураббиён ва шаҳрвандони аз 50-сола боло ваксинаи AstraZeneca мегиранд.
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ният дорад, ки беш аз 6 миллион шаҳрвандонро эм кунад. Аксари онҳо - 5,8 миллион - Sputnik V мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала