Ӯзбекистон қисми саввуми "Спутник V" - ро дастрас кард: ба Тоҷикистон кай мерасад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкШприц и ампула на фоне логотипа "Спутник V"
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Обуна шудан
Ӯзбекистон аллакай цисми саввуми ваксини истещсоли Русия, "Спутник V" - ро дастрас намуд. Азх интиқоли ин ваксин ба Тоҷикистон то ҳол хабаре нест
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Қисми саввуми ваксини "Спутник V" ба Ӯзбекистон оварда шуд, менависад РИА Новости бо истинод ба маълумоти Хадамоти санитарӣ - эпидемиологии он кишвар.
Интиқоли қисми навбатии ин ваксин ба Ӯзбекистон дар ҳолест, ки чанде пеш сарвазири он кишвар Абдулло Орипов аз ҳамтои руси худ, Михаил Мишустин дархост намуд, то интиқоли ваксини мазкур ба Ӯзбекистон афзоиш дода шавад ва ҳамчунин масъалаи истеҳсол шудани он дар дохили давлат низ бозбинӣ шавад.
Ампула с вакциной против COVID-19 Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Русия ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон медиҳад
Тоҷикистон ҳоло ваксини сохти Русияро дастрас накардааст, ҳарчанд вазири умури хориҷаи ин кишвар Сергей Лавров дар охирин сафари худ ба Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки Русия ваксини "Спутник V" - ро ройгон ба Тоҷикистон медиҳад.
Лавров гуфта буд, ки масъалаи интиқоли ваксини мазкур ба Тоҷикистон дар вохӯрии раисҷумҳурон Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин баррасӣ шуда буд.
Ёдовар мешавем. ки дар Тоҷикистон феълан маъроакаи эмгузаронӣ бо истифодаи аз ваксини AstraZeneca ба роҳ монда шудааст.
Ин ваксин дар доираи механизми COVAX бидуни ҳеҷ маблағ ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва бояд 20 дарсади аҳолӣ бо он эм карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0