Варзишгарони Ӯзбекистон дар Душанбе ғолиби мутлақ шуданд

© PixabayТеннисная ракетка, архивное фото
Теннисная ракетка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Обуна шудан
Дар ин мусобиқа варзишгарони 5 давлат иштирок намуданд, ки ғолибият насиби варзишгарони Ӯзбекистон шуд
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии Ҷоми кушоди Федератсияи тенниси Тоҷикистон ҷамъбаст шуд.
Ин мусобиқа 4 рӯз давом кард ва исми ғолибон ҳамакнун эълон гардидааст.
Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон мегӯяд, варзишгарони Ӯзбекистон ҳам миёни духтарону писарон ва ҳам ҷуфти духтаронаю писарона ғолиби мутлақ дониста шуданд.
Ин мусобиқа варзишагарони 5 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизисмтон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Покистонро гирд овард.
Дворец нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Душанбе мизбони мусобиқаи варзишӣ мешавад: меҳмонон аз 10 кишвар меоянд
Манбаъ меафзояд, ин дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон аст, ки соли дуввум баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Душанбе ҳоло мизбони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис "Тоҷикистон Опен" мебошад.
Ин мусобиқа дар Душанбе ба хотири таҷлили 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Дар мусобиқаи мазкур писарону духтарони теннисбоз аз 11 давлати дунё, аз ҷумла Олмон, Англия, Словения, Белорус, Украина, Туркманистон, ИМА, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0