Таъмини амният: Рамазон Раҳимзода бо Раҳмонии Фазлӣ чиро баррасӣ кард?

© ВКДВазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири кишвари Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири кишвари Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои эронияш Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ масоили амниятро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо вазири Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ мулоқот кард.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба суҳбат карданд.
Тарафҳо масоили таъмини амният, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, мубодилаи иттилоот, дастгир намудани ҷинояткорон ва шахсони дар кофтуков қарордошта гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Ҳамзамон ҷаласаи якҷояи гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Эрон оғоз гардида, дар ҷараёни он як зумра масоили муҳими ҳамкории муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Раҳмонии Фазлӣ: иродаи Эрону Тоҷикистон бар густариши ҳамкорӣ аст
Айни замон сафари кории вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар Эрон идома дорад.
Генерал Раҳимзода ба Эрон рафт: бо киҳо ва чиро баррасӣ мекунад
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала