Нархи газ боз баланд шуд: фурӯшандаҳо аз камбуди савдо мегӯянду ронандаҳо аз нархи гарон

© Sputnik Цены на топливо в Таджикистане на начало июня 2021 года
Цены на топливо в Таджикистане на начало июня 2021 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Обуна шудан
Қиммати гази моеъ, умдатарин маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон тайи ду се рӯзи охир боз баланд шуда, аз марзи 5 сомонӣ гузоштааст
ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру ноҳияҳо баландшавии нарх дида мешавад. Дар муқоиса ба як моҳи пеш, дар фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳии Суғд, нархи як литр гази моеъ то 25 дирам ё беш аз 8 % баланд шуда ба 5, 05 сомонӣ расидааст.
Масъулони ширкатҳои таъминоти сӯзишворӣ (АЗС) болоравии арзиши маводи сӯхтро ба коҳишёбии ҳаҷми воридоти он шарҳ медиҳанд. Ҳасанбой Маҷидов, як масъули фурӯшгоҳии маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, камбуди воридот ин моли талаботи ҳаррӯза ба афзоиши нархи он бетаъсир намондааст.
“Талаботи бозор ин аст, ки вақте моли талаботи ҳаррӯза кам шуд, табиист, ки нархи он баланд мешавад”, - гуфт Маҷидов.
Яке дигар аз фурӯшандаҳои маводи сӯхт таъкид намуд, ки баландшавии нарх ба суди онҳо набуда, балки аз сабаби тағйирёбии нарх, суръати савдо ҳам ба маротиб коҳиш ёфтааст.
АЗС на дороге Душанбе - Курган-Тюбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Ҳаракати мошинҳо кам шуд: болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон
“Ҳоло гаштугузори мошинҳо дар роҳҳо камтар ба назар мерасад. Дар чунин ҳолат фурӯши маводи сӯхт ҳам кам мешавад, зеро бисёриҳо ба киссаи худ нигоҳ карда ба мошинашон сӯзишворӣ мехаранд”, - гуфт фурӯшанда.
Зимнан дар шаҳру навоҳии Суғд нархи як литр бензини АИ 95 - 9 сомонӣ, инчунин нархи як литр бензини АИ 92 - 8,7 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 8,3 сомонӣ ва нархи як литр гази моеъ 5,05 сомонӣ рақам зада мешавад. Дар муқоиса ба аввалҳои соли ҷорӣ нархи гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз 1 то 1,7 сомонӣ баланд шудааст.
Дар моҳи январ нархи гази моеъ ҳамагӣ 4 сомонӣ ва бензину дизел бо нархи 7 сомонӣ фурӯхта мешуд. Мирзомурод як ронандаи мусофиркашӣ дар шаҳри Хуҷанд мегуяд, болоравии нархи сӯзишворӣ ба ҷайби ӯ барин ронандаҳое, ки умдатан аз ҳисоби ин шуғл рӯзӣ меёбанд, зарба мезанад.
“Газ 5 сомонӣ ва дар баъзе ҷойҳо аз он ҳам гарон шудааст. Агар як ҳафта пеш 10 литр гази моеъро бо 48 сомонӣ мехаридем, ҳоло он 50 сомонӣ арзиш дорад. Мо нархро бардорем мардум ба мошин намешинад, набардорем фоида намемонад”, иброз намуд ронанда.
Грузовик с газом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Ҷаҳиши нархи гази моеъ дар Тоҷикистон
Бино ба иттилои мақомоти гумрук, соли гузашта беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, 180 ҳазор тон бензин ва бештар аз 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Ширкатҳои "Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи воридкунандаҳои маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Лентаи хабарҳо
0