Эълони ҷазои ҷавони 20-сола барои куштори ронандаи таксӣ дар Душанбе

© МВД по городу ДушанбеПодозреваемый в убийстве таксиста
Подозреваемый в убийстве таксиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Додгоҳ ҷавони 20-соларо дар қатли ронандаи таксӣ дар шаҳри Душанбе гунаҳкор донист
ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Додгоҳ Саймуъмин Саймуддинов, ҷавони 20-соларо дар қатли ронандаи таксӣ гунаҳкор дониста, ба 28 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод. Қаблан ин ниҳод иттилоъ дода буд, ки Саймуддинов, сокини 20-солаи ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун дар куштори ронандаи мусофирбар даст дорад.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Тафсилоти куштори ҷавони 23 - сола аз дасти бародари худ дар Рӯдакӣ: 10 корд зад - навор
Ҷасади ронандаи мусофирбар 15-уми феврали соли равон, тахминан соати 20:00 дар кӯчаи Деҳотии пойтахт аз дохили автомашинаи мусофиркашони тамғаи "Хундай-Солярис" пайдо карда шуд.
Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Муҳиддинов Саймумин содир намудааст. Мақомот аз ваҳшонияти куштор гуфта, таъкид намудаанд, ки дар ҷасад осори 42 зарби корд ёфт шудааст.
Дар бораи сабабҳои даст ба куштор задани ин ҷавон феълан иттилоъ рӯи даст нест.
Тафсилоти бештари ҳукми додгоҳ ба зудӣ дар ин саҳифа нашр хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала