Хайри мақомот ё соҳибкорон: мақомоти Хуҷанд ба 80 кӯдак шаҳодатномаи ройгон дод

© Sputnik / Амир ИсаевСвидетельства о рождении
Свидетельства о рождении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон доштааст, ки ахиран дар толори “Хонаи ақди ниқоҳ”-и шаҳр ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 80 дона шаҳодатномаҳо ба соҳибонашон ройгон тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ ба 80 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд шаҳодатномаи навзодӣ, зоднома ва шаҳодномаҳои такрорию ислоҳӣ тақдим гардид.
Мухбира Ҷумъазода сардори шуъбаи сабти асноди шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд гуфт, аз ҷониби шуъбаи САҲШ-и шаҳри Хуҷанд тасмими гирифта шуд, ки ба 80 нафар эҳтиёҷмандон шаҳодатномаи навзодӣ, зоднома ва шаҳодномаҳои ислоҳию такрорӣ тақдим карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ илова кардааст, ки ин тасмим аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дастгирӣ ва амалӣ карда шуд.
Гуманитарная помощь от памирцев которые живут в Америке, для сирот из интерната  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2019
Иқдоми "Хайр": кумаки бадахшониҳои муқими Амрико ба ятимони мактаб - интернати Рӯшон
Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки чунин амалҳои хайрхоҳона дар оянда низ идома дода мешавад.
“Волидайни соҳиби шаҳодатномаи навзодӣ, зоднома ва шаҳодномаҳои такрорию ислоҳӣ гардида, аз ин иқдоми мақомот, ки ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бахшида шуда буд, истиқбол карданд”, - зикр намудааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки маросими тақдими шаҳодатномаҳо бо барномаи рангини фарҳангӣ анҷом ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала