Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомот ҳуҷҷатҳои сӯхтаи сокинони Исфара дар муноқишаи марзиро барқарор карданд

© SputnikОбложка паспорта РТ, архивное фото
Обложка паспорта РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Обуна шудан
Масъулони Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Исфара 28 ҳуҷҷати сокинони деҳоти наздимарзии Хоҷаи Аъло ва Сомониёнро, ки дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ нобуд шуда буд, барқарор намудаанд
ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Муҳиба Ёқубӣ, мудири Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) - и шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, асноди шаҳрвандон иборат аз шаҳодатнома дар бораи сабти никоҳ ва зоднома иборат буда, рӯзи гузашта ба соҳибонашон, сокинони деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дастрас карда шуд.

“Дар вақти сӯхтани хонаҳо аз зарби тирпарронӣ ҳуҷҷати ин гурӯҳи сокинон нобуд шуда буд. Мо дар асоси коркард бо маълумотномаҳои бойгонӣ онҳоро барқарор намуда, ройгон ба соҳибонашон супроридем. Сокинон бо гирифтани ҳуҷҷатҳои худ, хурсанд шуданд”, - гуфт Ёқубӣ.

Бино ба иттилоъи манбаъ дар пайи даргирии марзӣ бо Қирғизистон хонаҳо дар ин деҳоти наздимарзии Исфара оташ гирифта, 17 адад ҳуҷҷатҳои сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва 11 асноди сокинони деҳаи Сомониён дар умум 28 ҳуҷҷати сокинон ба коми отаф рафтаанд.
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Сарфаи вақт ва пул: тақсими РМА (ИНН) ба сокинони деҳоти наздимарзии Суғд
Муҳиба Ёқубӣ иброз намуд, ки ҳоло баъди барқарор шудани шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва таваллуд, барқарор намудани дигар аснод аз ҷумла шиноснома (паспорт), ё ҳуҷҷати ронандагӣ барои сокинон имконпазир шудааст. Ин масъули САҲШ - и Исфара аз сокинон даъват намуд, агар дар вақти даргирии марзӣ асноди шаҳрвандии худро аз даст додаанд, барои барқарор намудани он, ба онҳо муроҷиат кунанд.
Чоркӯҳ аз калонтарин ҷамоатҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон маҳсуб шуда, бо сабаби аломатгузорӣ нашудани хатти сарҳад то ин замон борҳо шоҳиди муноқишаи марзӣ гардидааст.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Раджаббой Ахмадзода, глава согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мулоқоти раисони Суғду Бодканд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон ахиран тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст.
Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонид ва фурӯши чиптаҳоро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пурра манъ кард. Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0