Мавсими харобшудаи сайёҳӣ: Аврупо миллиардҳо доллари гардишгарони русро аз даст дод

© PixabayОтдых на море, архивное фото
Отдых на море, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Иттиҳоди Аврупо талош дорад, ҳарчи зудтар барои сайёҳони хориҷӣ дарҳои худро боз намояд. Аммо Аврупо то ҳол барои сабти ном кардани ваксинаи сохти Русия чандон шитоб надоранд
ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik, Наталя Дембинская. Ин маънои онро дорад, ки имсол ба монанди соли гузашта, Аврупо миллиардҳо долларо, ки сайёҳони рус метавонистанд дар онҷо сарф кунанд, аз даст хоҳад дод. Дар ҳоле ки меҳмонхонаҳову рестораторҳо хисороти ояндаро худро ҳисоб мекунанд, танзимгарони аврупоӣ нигаронанд, ки Маскав метавонад таъсири геополитикии худро зиёд намояд. Олмон талош дорад сиёсатро фаромӯш кунанд ва ба расмияти коғазбозӣ зуд хотима бахшад – ваксинаи "Спутник V"-ро дар фасли тобистон интизоранд.

Вақтро мекашанд

Гарчанде ки “Спутник V” расман дар 46 кишвари ҷаҳон шинохта шудааст, миёни ин кишварҳо танҳо ду кишвари Аврупоӣ - Маҷористон ва Словакия вуҷуд дорад. Кумитаи оид ба доруворӣ барои истифодаи тиббии Агентии дорусозии Аврупо (EMA) рӯзи 4 март тартиби ташхиси пайвастаи санадҳо барои сабти ваксинаи Русияро оғоз кард. Аммо ин масъала то ҳол ҳалли худро пайдо накардааст.
Шприц и ампула на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Ӯзбекистон қисми саввуми "Спутник V" - ро дастрас кард: ба Тоҷикистон кай мерасад
Маскав боварӣ дорад, ки ин сабти номи ваксинаро мақомоти Аврупо дидаву дониста ба таъхир меандозад. Тавре роҳбари Хадамоти иктишофи хориҷии Русия Сергей Наришкин қайд кард, Агентии дорусозии Аврупо дар ин робита “аз кобинаҳои мақомдорони олии Иттиҳодияи Аврупо ишораҳое”, гирифта буданд.
Дар моҳи март, Reuters қайд кард, ки ИА ба интиқоли ваксинаи Русия "ҳамчун иқдоми таблиғии режими нохушояд" мухолифат кард. Дар ҳамин ҳол, хариди ваксинаҳои сабтиномнашуд манъ карда нашудааст.
Ҳанӯз моҳи феврал коршиносони ғарб дар бораи "дипломатияи ваксина" -ии Маскаву Пекин зикр карда буданд. Ба гуфтаи ИА, Русия ва Чин барои густариши нуфузи геополитикии худ дар саросари ҷаҳон барои фурӯш ва истеҳсоли доруҳои худ қарордодҳо мебанданд.
Шприцы на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Тоҷикистон бо Русия барои воридоти ваксинаи "Спутник V" гуфтугӯ мекунад
Аммо, тибқи иттилои Reuters, ки дар истинод ба манбаъҳои дипломатӣ хабар додааст мақомоти Аврупо ба тавсеаи ваксинаи “Спутник" чашм духтаааст. Дар ниҳоят, дар Аврупо бояд 450 миллион нафар эм карда шаванд, иттиҳодия дар ҳоли ҳозир қодир нест аҳолии худро бо ваксина таъмин намояд.

Хисорот ҳисоб шуд

Кишварҳои ИА ба сайёҳони эмшуда дарҳои худро боз мекунанд, аммо сайёҳони Русия, ки одатан сарватманд ҳастанд миёни онҳо дида намешавад. Бешубҳа бозори Аврупо аз ин раванд чандон розӣ нест.
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ (UNWTO), қабл аз бӯҳрони иқтисодии соли 2014, русҳо дар як сол беш аз 50 миллиард долларро дар хориҷ сарф мекарданд ва сайёҳони Русия дар қатори кишварҳои панҷгонаи аввал қарор доштанд.
Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
"Ночор": кӣ дар Аврупо ба “Спутник V” таваҷҷуҳ кард
Тибқи як таҳқиқоти дигари пеш аз пандемия - Visa Global Travel Intentions, як сайёҳи рус ба ҳисоби миёна барои истироҳат дар хориҷа 1 676 доллар сарф мекард, дар қиёс як аврупоӣ 1174 долларро сарф мекунад.
Аммо дар соли 2020, бозор ин пулҳоро аз даст дод, чун пандемия ҳама чизро фурӯ бурд. Дар таърих хисороти соли гузашта дар бахши сайёҳӣ дар ҷаҳон рекордӣ мебошад. Даромадҳо ба 1,3 триллион доллар коҳиш ёфтанд, ки ин нисбат ба бӯҳрони соли 2009 11 маротиба зиёдтар аст, изҳор дошт UNWTO.
Аз ҷумла, гардиши сайёҳон ба Аврупо 70 дарсад коҳиш ёфт.

Сиёсат бояд фаромӯш шавад

Оддист, ки бахши сайёҳӣ мехоҳад мехоҳад худро барқарор кунад. Ба гуфтаи директори иҷроияи Иттиҳоди Аврупо, зарари бесобиқаи сайёҳиро бояд ҳарчи зудтар ҷуброн кард. Аз ин рӯ, тавсия дода шуд, агар шаҳрвандоне, ки ба ваксинаи аз сӯи СҶБ ва ЕМА тасдиқ ёфтааст, эмшуда бошанд, вуруд ба ИА иҷозат дода шавад. То ҳол, дар ин рӯйхат Pfizer, Moderna, Johnson & Johnson ва AstraZeneca мебошанд. Сабти номи Sinovac-и Чин низ дар навбат аст.
Медицинский работник минской поликлиники проводит вакцинацию добровольцев от COVID-19 российским препаратом Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2021
Олими номии амрикоӣ "Спутник V" -ро тавсиф кард
Оё умеди русҳо ва бахши сайёҳии Аврупо барои қабули ваксинаи “Спутник V” дуруст аст ё не, суоли матраҳ аст. Чунин ба назар мерасад, ки имсол меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои аврупоӣ бояд бидуни меҳмонони саховатманди рус кор кунанд.
Чизи аз ҳама тааҷҷубовар дар он аст, ки ИА омодааст ваксинаи боэътимод ва бехатар харидорӣ кунад. Аммо, Брюссел ба ин иҷозат намедиҳад. Намунаи ин раванд Олмон аст. Ҳанӯз дар моҳи апрел, сарвазири Бавария дар бораи хариди “Спутник V” бо Фонди сармоягузории мустақими Русия ёддошти тафоҳум ба имзо расониа буд.
Интиқоли вояҳои аввал бояд моҳи июл сурат мегирифт ва акнун онҳо бояд ҳадди аққал то тирамоҳ мунтазир шаванд. Сарвазири Бавария аз мақомоти ИА даъват кард, ки ин ваксинаро ҳарчи зудтар тасдиқ намоянд ва расмиётро бо сабабҳои сиёсӣ ба таъхир наандозанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала