“Миллион дар 10 рӯз”: Кенҷаев, гуфт чиптаро 9 ҳазорӣ мегирифту 10 ҳазорӣ мефурӯхт - видео

© SputnikБилет на самолет
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
ВУД Тоҷикистон гузориш додааст, ки чӣ гуна як гуруҳи чорнафарӣ дар зарфи 10 рӯзи охири моҳи май ба чиптақаллобӣ машғул шуда, беш аз 1 миллион сомониро ба шаҳрвандон зарар расондаанд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар зиёд шудани ҳолатҳои чиптақаллобӣ худи шаҳрвандонро низ айбдор медонад, ки ба афроди ношинос маблағҳои ҳангуфтро бовар мекунанд.
Ин ниҳод аз боздошти чор нафари муттаҳам ба чиптақаллобӣ – Давлат Мирбобоев, сокини 24-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Рустам Убайдуллоеви 26-сола, Карим Кенҷаеви 39-сола ва Баҳруллоев Даврон, сокинони шаҳри Душанбе, хабар дод.
ВУД афзуд, ки ин афрод аз корафтодагон барои чиптаҳои ҳавопаймо ба Русия аз 11 то 30 ҳазор сомонӣ пул гирифта, маблағҳои ба дастовардаашонро ба манфиати худ сарф намудаанд.
Карим Кенҷаев, яке аз муттаҳамон дар гузориши ВУД мегӯяд, шиносномаю пули 57 нафарро гирифта, ба Давлат Мирбобоев медодааст, то ӯ чиптаҳоро дастрас кунад.

“Пулу паспорти 57 мусофирро гирифта, ваъда додам, ки давоми 8-9 рӯз билетро медиҳам. Пулу паспортҳоро ба Давлат месупоридам. Аз Давлат чиптаро 9 ҳазор сомонӣ мехаридаму маблағи муайяни худро болояш мегузоштам. Яъне 1200 – 1300 сомонӣ ба ман фоида мемонд”, - нақл кард Кенҷаев.

ВУД теъдоди ҷабрдидагонро ҳудуди 100 нафар ва зарари расондаи ин гуруҳро беш аз 1 миллион сомонӣ арёзбӣ кардааст. Аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар аз дасти афроди номбурда ҷабр дидаанд, ба идораи милиса муроҷиат кунанд.
Назари бевоситаи муттаҳамон дар мавриди ин гузориш маълум нест.
Ин дар ҳолест, ки моҳҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон аз ба маротиб гарон будани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар кишвар дар қиёс бо давлатҳои ҳамсоя шикоят доранд. Гарчанде Ожонси ҳавонавардӣ нархи чиптаҳои омадурафт дар масири Тоҷикистону Русияро 500 доллари амрикоӣ муайян карда буд, дар амал чиптаҳо ба маротиб қимат фурӯхта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала